Партовгоҳҳои ба стандартҳои муосир ҷавобгӯй набуда, ба вазъи муҳити зист ва саломатии шаҳрвандони дар наздикии онҳо зиндагикунанда таъсири манфӣ расонанда, дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд. Дар ин ҷойҳо пӯсиш ба амал меояд, ки ба зери хок ворид шуда, обҳои зеризаминиро ифлос менамоянд, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Низоми устувори идоракунии партовҳо дар минтақа муайян нашудааст, системаи ҷобаҷогузорӣ ва коркарди партовҳо вуҷуд надоранд ва ё бад кор мекунанд. Дар Шветсия 99 фоизи партовҳои сахти маишӣ коркард ва такроран бо ин ё он роҳҳо истифода карда мешаванд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин нишондод аз 15 фоиз зиёд нест. Дар мисоли шаҳрҳои Ош (Қирғизистон), Хуҷанд (Tоҷикистон) ва Тошканд (Ӯзбекистон) мо кӯшиш намудем бифаҳмем, ки чӣ тавр дар Осиёи Марказӣ мушкилоти утилизатсия (нобудкунӣ)-и партовро ҳал мекунанд.
Хуҷанд
Тошканд
Бишкек
Утилизатсияи экологии партовҳо дар шаҳри Хуҷанд
Партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ, партовҳо - мушкилоти экологии глобалии замони мо аст, ки ба саломатии инсон таҳдид намуда, муҳити зистро ифлос менамояд. Зарраҳои пӯсидаи партовҳо манбаи паҳншавии микробҳое мебошанд, ки боиси хурӯҷи бемориҳо ва сироятёбӣ мешаванд. Дар гузашта мавҷудияти партовҳои инсон проблемаи душвор набуд, зеро партов ва моддаҳои гуногун дар шароити табиӣ коркард мешуданд. Вале ҳоло мардум чунон маводе ихтироъ намудаанд, ки дорои мӯҳлати дурударози пӯсиш мебошанд.
Мӯҳлати пӯсиши партовҳои гуногун
Барои гирифтани маълумоти бештар нуқтаҳои тасвирро пахш кунед
Кишварҳои мухталиф роҳҳои гуногуни истифодаи ашёи коркардшударо ихтироъ мекунанд. Дар давраи шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд ба миқдори махсусан калон қабули макулатура, оҳанпора, ҳатто устухонҳо ба роҳ монда шуда, ашёи хом ба шаҳри Уссурийск фиристода мешуданд. Имрӯз бошад, асосан қабули макулатура, оҳанпора ва зарфҳои пластикӣ гузаронида мешавад.
Барои кам кардани ҳаҷми партови шаҳр, имрӯз кӯшиш карда истодаанд, ки партовҳоро ҷамъоварӣ намоянд ва минбаъд ашёеро, ки барои истифода дар хонавода ва саноат коршоям аст, дубора коркард намоянд,. Дар шаҳри Хуҷанд саноати комили нуқтаҳои коркарди партовҳо, ки партов ва пасмондаҳои аҳолии шаҳрро коркард ва утилизатсия (нобуд) мекунанд, мавҷуд аст.
Ташаббускорони коркарди дубораро дастгирӣ намуда, давлат барои рушди соҳаҳои нави саноатӣ-инноватсионӣ шароит фароҳам меорад. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 ҳамчун ҳудуди маҳдуди Тоҷикистон бо мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва шароити имтиёзноки иқтисодӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ таъсис дода шуд. Имрӯз МОИ «Суғд» аз 23 корхона иборат аст.
Дар давоми панҷ соли охир, бисёре аз корхонаҳои ин минтақа бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва иқтисодӣ - ба технологияи коркарди такрории партовҳои қаблан партофташудаи худ шурӯъ менамоянд. Ҳадафи ниҳоӣ – гузариш ба истеҳсолоти бепартов аст.
Дар ҳудуди МОИ «Суғд» имрӯз инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ ва истеҳсолии ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ таъсис дода мешавад, дар истеҳсол коркардҳои илмию техникӣ ва ихтирооти ватанӣ ҷорӣ мегарданд, бо мақсади ҳифзи муҳити зист шабакаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил карда мешавад.
Маълумот оиди сафолакҳои бомпӯши полимерию қумӣ
Яке аз мисолҳои ҷамъоварии муассир ва такроран коркарди партовҳои пластикӣ ва селофанӣ, ин истифодаи бомуваффақияти ашёи дуюмбора дар истеҳсоли маҳсулоти бомпӯшӣ аст, ки алҳол аз ҷониби аҳолӣ талаботи зиёд дорад.
Намунаи возеҳи он яке аз корхонаҳои замонавии оид ба коркарди дубораи пластмассаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 10 сол фаъолият мекунад, ҶДММ «Фортуна-Ко» мебошад. Корхонаи мазкур бо истеҳсоли сафолакҳои бомпӯши полимерию қумӣ машғул аст. Дар як баст 7 коргар фаро гирифта шудаанд. Ба сифати ашёи хом, қуми кварсӣ ва пластикаҳои дубора коркардшуда, инчунин рангҳо истифода карда мешаванд. Ба шарофати васеъ будани номгӯи рангҳои замонавӣ, маҳсулоти бомпӯши гуногунрангро истеҳсол намудан мумкин аст. Инчунин бояд қайд кард, ки дар ин раванди технологӣ ранг ҳамчун ҷузъи «пайвасткунӣ»-и қум ва полимерҳо хизмат мекунад.
Барои фаъолияти бештар самаранок ширкат нақша дорад:
Дар шаҳри Хуҷанд таъсис додани на камтар аз 6 нуқтаи қабули халтаҳои полиэтиленӣ ва зарфҳои пластикии истифодашуда.
Дар шаҳри Хуҷанд гузоштани на камтар аз 15 қуттии махсусгардонидашуда - қабулкунандагон барои ҷамъоварии халтаҳои полиэтиленӣ ва зарфҳои пластикии истифодашуда.
Ба навъҳо ҷудокунӣ ва шустани ашёҳои дуюмбора исиифодашаванда ба роҳ монда шавад.
Ҷалби ихтиёриён барои кор бо аҳолӣ, ҷиҳати ҳамкорӣ дар баландбардории фарҳанги ба навъҳо ҷудокунии партовҳои маишӣ.
Мисолҳои равшани дар боло овардашуда инсонро барои андешаронии бештар водор менамояд. Масалан, дар бораи он ки истифодабарии технологияҳои инноватсионӣ тақозои замон ва зарурияти имрӯз аст. Вале сад афсӯс, на ҳамаи корхонаҳо аз сабаби он ки барои кашонидани онҳо техникаи махсус зарур аст ва он хароҷоти баризофагист, партовҳои худро ба коркард намефиристанд. Ҳол он ки ин мушкилиро беҳал гузоштан мумкин нест. Коршиносон чунин мешуморанд, ки барои утилизатсия (нобудсозӣ)-и нодуруст ё партофтани худсаронаи партов ва пасмондаҳо, аз корхонаҳо ҷаримаи калон ва андози баланд бояд ситонида шаванд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз талаботи амалкунанда стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) ва дигар меъёрҳои стандартизатсияи маҳсулоти дубора истифодашаванда – хусусиятҳои худро доранд. Ҳангоми муроҷиати соҳибкорон, намояндагии минтақавии Агентии стандартизатсия. метрология, сертификатсия ва нозироти савдо – барои истеҳсолоти нав метавонанд «Шартҳои техникӣ»-ро оид ба истеҳсоли маҳсулот кор карда бароянд. Роҳи дигар ва боз ҳам беҳтар дар ин самт, ин хуб мешуд агар «Барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии корхонаҳое. ки ашёро дуюмбора коркард мекунанд» қабул ва дар амал татбиқ карда шаванд. Шояд дар оянда – оид ба нигаҳдорӣ ва ҳифзи муҳити зист он яке аз роҳҳои асосӣ ва калидӣ хоҳад буд.
Чӣ тавре ба мо мутахассиси Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд - Ғаффоров Шавкат Яҳёҷонович маълумот дод: қонунҳо ва меъёрҳои амалкунанда имрӯз аллакай ба корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ ва ба истеҳсолоти бепартовгузашта имтиёзу сабукиҳое пешниҳод кардаанд. Мутобиқ ба моддаи №20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» - «Ҳаққи истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити атроф» ва моддаҳои №46 - №49 «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҳар як корхона новобаста аз шакли фаъолият, ки захираҳои табииро истифода мебаранд, барои партов ва пасмондаҳои истеҳсолӣ бояд аъзоҳаққӣ пардохт намоянд. Дар ҳолате, ки агар ташкилот ба коркарди такрории партовҳо машғул шавад, он аз чунин пардохт озод карда мешавад.
«Интишороти мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мӯҳтавои ин нашрия намунаи масъулиятшиносии ҶДММ ШТРР «Тирози Ҷавонӣ» буда, нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад».

...
МУШКИЛОТИ ПАРТОВИ ШАҲРИ БУЗУРГ
Тошканд - шаҳри бузурги зебо мебошад, ки мувофиқи қоидаҳои мегаполис зиндагӣ мекунад. Масъалаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ (ПСМ-ТБО) - мушкилоти муҳими пойтахт мебошад. Алҳол кӯшиш карда истодаанд, то масъалаҳои зиёдро оид ба ҷамъоварӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, кашондан, коркард ва утилизатсия (нобудкунӣ)-и партовҳои сахти маиширо ҳал намоянд. Барои рушди системаи идоракунии партовҳо дар солҳои 2017-2021 ҷудо кардани тақрибан 1 триллион сӯмро ба нақша гирифтаанд.
Партови калон аз истеъмоли шадид оғоз меёбад
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии экологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар сол зиёда аз 700 ҳазор тонна партов аз ҷониби сокинони Тошканд истеҳсол карда мешаванд. Тибқи маълумоти дар стратегияи миллии идоракунии партовҳо пешниҳодшуда 60 фоизи ин нишондиҳанда - партови хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки миқдори зиёди партовҳоро мо худамон истеҳсол менамоем.
Дар Тошканд чиро коркард менамоянд?
Дар Ӯзбекистон барномаи чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани фаъолияти экологии аҳолӣ, татбиқи чораҳои иловагии ҳифзи муҳити зист, ки ба утилизатсия (нобудкунӣ)-и партовҳои сахт ва электронӣ барои солҳои 2016-2020 нигаронида шудаанд, қабул карда шудааст.
Дар Тошканд, дар назди заводи "Aртел", ки техникаҳои маишӣ истеҳсол мекунад, сех барои коркарди нуқсони маҳсулоти истеҳсолшудаи пластикӣ мавҷуд аст. Дар ин ҷо, қисмҳои аз полипропилен ва полистирол сохташуда аз назар гузаронида мешавад, нуқсондораш гирифта, реза-реза карда шуда, барои барқароркунӣ фиристода мешавад. Ҳамин тавр, завод ашёи худро нигоҳ медорад ва ҳаҷми партовҳои истеҳсолшударо коҳиш медиҳад.
Дар Тошканд ва марказҳои вилоятӣ то 50 нуқтаи махсуси қабул ташкил ташкил карда мешаванд. Дар доираи барномаи мазкур, ҶДММ «Toshrangmetzavod Recycling» бо ҷамъоварӣ, утилизатсия (нобудкунӣ) ва коркарди e-wast машғул аст. Ҳол он ки таҷҳизоти кӯҳнаро ба ин ҷо на танҳо корхонаҳо ва идораҳо, балки шахсони алоҳида низ супорида метавонанд.
Ҳамчунин, ба нақша гирифтаанд, ки дар муддати кӯтоҳ сех оид ба коркарди кинескопҳои телевизионӣ кушода мешавад. Алҳол ин гуна сех вуҷуд надорад ва ин намуди партовҳои электронӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳ дошта мешаванд.
КМ Uz-Prista Oil
Завод оид ба азнавсозии равғани мотории КМ Uz-Prista Oil дар вилояти Тошканд ҳар сол то 43 ҳазор тонна равғанҳои истифодашударо коркард менамояд ва дар асоси он 30 ҳазор тонна равғани асосӣ (базавӣ) истеҳсол менамояд.
Коркарди шинаҳои автомобилӣ
Дар масъалаи коркард ва утилизатсия (нобудсозӣ)-и шинаҳои автомобилӣ корхонаи "Заводи Тошканд оид ба барқарорсозии автошин" машғул аст. Асосан, шинаҳои истифодашуда ба партовгоҳ оварда мешаванд, зеро партовгоҳҳои махсус барои ин намуди партови сахти маишӣ вуҷуд надоранд. Барои коркард ва истифодаи такрории шинаҳо аҳамияти зарурӣ бояд дод, зеро он манбаъи арзишманд аст. Ин барои муҳити зист ва иқтисодиёт муҳим аст.
Бо вуҷуди он, ки дар Ӯзбекистон 137 корхона барои коркарди партовҳои сахти маишӣ фаъолият доранд, танҳо миқдори ками онҳо - 14-15 фоиз коркард карда мешавад.
Сарфи назар аз он, ки дар Ӯзбекистон 137 корхона оид ба коркарди партови сахти маишӣ мавҷуданд, танҳо миқдори ками онҳо - 14-15 фоиз коркард мешаванд.
Дар Ӯзбекистон барои идоракунии оқилонаи партовҳо тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Система кор мекунад, аммо боз мушкилоте мавҷуданд, ки бояд ҳал карда шаванд. Ҳалли асосӣ, ҳамроҳшавӣ ба масъалаи баровардан ва коркарди партовҳои бизнеси хусусӣ, минбаъд иштироки давлатро тақозо дорад. Аз ташаббуси шахсии ҳар як нафар низ бисёр вобаста аст. Бино ба гуфти бисёре аз меҳмонони пойтахт, шаҳри Тошканд - шаҳри тоза аст ва аз мо вобаста аст, ки онро боз ҳам зеботар ва аз ҷиҳати экологӣ тозатар намоем.
АНВАР ШАБОНОВ
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода карда шуд. Мӯҳтавои маводи мазкур намунаи масъулиятшиносии "Лобар Исломова" ба шумор рафта, нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо инъикос наменамояд.

...
«ҚУМТОР»-и ОШ
Партовгоҳи шаҳри Ошро сокинони маҳаллӣ «Қумтор» меноманд. Он ба монанди макони бузурги истихроҷи тилло, ҳам манбаи даромад ва ҳам мушкилоти экологӣ ба шумор меравад.
Медиа гурӯҳи Ынтымак фаҳмид, ки дар шаҳри Ош чӣ тавр мушкилоти утилизатсия (нобудкунӣ)-и партовҳоро ҳал мекунанд.
КОРКАРДИ ҲАМАГӢ 1 ФОИЗИ ПАРТОВҲОИ САХТИ МАИШӣ САДҲО ОИЛАРО МЕХУРОНАД
Бо ҳисоби маркази Орхус, ҳамагӣ 1 фоизи партовҳои сахти маишии шаҳри Ош коркард карда мешаванд. Инҳо - макулатура, оҳанпораҳо ва партовҳои пластикӣ мебошанд. Ашёҳои дуюмбора истифодашавандаро сехҳои хурди хусусӣ қабул менамоянд. Алҳол дар шаҳр се заводи арматурабарорӣ, сехи истеҳсоли коғази ҳоҷатхона ва дар наздикии деҳаи Наримони ноҳияи Қаросӯй пойафзоли пластикӣ истеҳсол мекунанд. Замоне стартапҳои гуногун буданд, масалан, дар як сех аз полиэтилен сангпора (бурсчатка) ва дар сехи дигар аз худи ҳамон маҳсулот гулдонҳо месохтанд, аммо онҳо аз фаъолият бозмонданд.
Ҳокимияти шаҳр барои истеҳсоли партовҳо ин қадар диқкати ҷиддӣ намедиҳад.
Роҳбарияти шаҳр барои коркарди партовҳо борҳо сармоягузорони азимро ҷалб намуд, вале маблағгузонро ҳаҷми ашёи дуюмбора истифодашаванда дур мекард – дар ин ҷо он хеле кам аст.

Жылдызбек Кочконов
ҷонишини раиси корхонаи мунисипалии «Ош- Тазалык»
ЧӢ ТАВР АЗ ПАРТОВ ПУЛ МЕСОЗАНД?
Дар шаҳри Ош ягона сех оид ба истеҳсоли коғаз барои ҳоҷатхона фаъолият дорад. Дар ин ҷо як килограмм макулатураро бон архи 5-6 сом харидорӣ менамоянд. Талаботи ҳармоҳа барои ашёи дуюмбора истифодашаванда 20 тоннаро ташкил медиҳад.
Сех оид ба истеҳсоли коғази ташноб ҳар моҳ то ба 20 тонна макулатура қабул менамояд (видео).
Қодир Эргашев
корманди сех оид ба истеҳсоли коғаз барои ҳоҷатхона (мусоҳиба)
Ҳар субҳ занон аз деҳаи Жани-Киштак (5 километр дур аз шаҳр) бо халтаҳо ба ҷустуҷӯи «тилло»-и худ ба партовгоҳ мераванд.
Дар масъалаи коркарди оҳанпора бошад, се заводи арматурабарорӣ машғул аст. Сармоягузорон асосан аз давлати Чин мебошанд. Дар шаҳр даҳҳо нуқтаи қабули ашёи дуюмбора истифодашаванда амал меунанд. Бисёре аз сокинон одат кардаанд, ки оҳанпораҳоро супоранд, вале онҳо дар партовгоҳ низ кам нестанд. Оҳанро аз полигон ва ё аз контейнерҳои партов лӯлиҳои маҳаллӣ (сиганҳои шарқ) фавран ҷамъ меоваранд. Ҳамин тавр, сиганҳо на танҳо оҳанпораҳо, ки барои ин тоифа мардум баробари вазни тилло аст, балки дигар намуди ашёи дуюмбора истифодашавандаро ҷустуҷӯ мекунанд. Барои беш аз 400 оилаи сиганҳо партовҳо қариб даромади асосӣ мебошанд.
Барои касе, партови маишӣ на танҳо сарчашмаи даромад, балки имконияти эҷод кардан аст. Омӯзгори меҳнат ва рассом Аҳмадбек Ашимов аз шинаҳои кӯҳна чизе меофарад. Ӯ зиёда аз 60 боғчаи бачагонаи шаҳр ва деҳаҳои наздикро оро додааст.
Аҳматбек покришкаҳои кӯҳнаро бо нархи 5 сом барои як дона харидорӣ мекунад ва маводи тайёрро аз 120 то 300 сом мефурӯшад. Дархостҳо бисёранд, вале ягон рақибе нест. Рақибон аз нигоҳи эҷодкорӣ нестанд, вале мизоҷони покришкаҳои кӯҳна зиёданд. Шинаҳоро боз барои гарм кардани ҳаммомхонаҳо ва гармхонаҳо истифода мебараннд.
Офаридаҳо аз шинаҳои кӯҳна - даромади асосии оилаҳои Ашимовҳо
Акматбек Ашимов, рассом
Намунаҳои корҳои Аҳматбек Ашимов
БО КУШОДАНИ ПОЛИГОНИ НАВИ ПАРТОВ ЧӢ ТАВР УТИЛИЗАТСИЯ (НОБУДКУНӢ)-И ПАРТОВҲО ТАҒЙИР МЕЁБАД?
Сохтмони партовгоҳи нав ҳамаи проблемаҳои экологии марбут ба партовро ҳал мекунад, - бовар мекунонанд дар маъмурияти шаҳри Ош. Пас: дар саҳни хонаҳо қуттиҳои нав гузошта мешаванд; партовро саривақт техникаҳои нав мебардоранд; раванди ба навъҳо ҷудокунӣ оғоз меёбад; партовҳои биологӣ бо тамоми меъёрҳои экологӣ утилизатсия (нобуд) карда мешаванд. Вале барои таъмини чунин раванди идоракунии партовҳо ҳар як шаҳрванд бояд самаранок иштирок кунад. Агар сокинон чун пештара партовҳоро ба як ҷо партоянд, он гоҳ тақсимкунӣ ва нобудкунӣ вақт ва хароҷоти зиёдро талаб хоҳад кард. Дар чунин ҳолат, имконпазир аст, ки як полигон пас аз 10-15 сол метавонад ба минаи амалишавии суст мубаддал гардад, - мегӯянд экологҳо.

Полигони нав на танҳо проблемаҳои экологӣ, балки иқтисодиро низ ҳал карда метавонад - маблағ аз коркарди партовҳои сахти маишӣ ба буҷаи шаҳр ворид мешавад ва бизнес низ имконияти дарёфти фоида дорад. Дар майдони ба навъҳо ҷудокунӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, ки ба ҷӯяндагони минбаъдаи «тилло» имкон медиҳад, то дар партовгоҳ аз рӯи қонун ба кор қабул шаванд ва ба саломатии худ хатаре эҷод накунанд.

Дар партовгоҳ чӣ қадар пул аст? То ба имрӯз ба ин савол на аз идораи шаҳрдорӣ, на коршиносон ҷавоб дода наметавонанд. Аммо, чун таҷрибаи Аврупо нишон медиҳад, барои коркард миллионҳо ба даст овардан мумкин аст. Танҳо чунин муваффақият бо кӯшиши танҳо шаҳрдорӣ ба даст намеояд, зеро раванди ба навъҳо ҷудокунӣ аз ҳар як шаҳрванд оғоз меёбад. Ва он гоҳ, пас аз даҳсолаҳо, «Қумтор»-и Ош танҳо манбаи даромад хоҳад шуд.
Ин мавод бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мундариҷаи он масъулияти медиа гурўҳи "Ынтымак" мебошад ва нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Made on
Tilda