«Мушкилоти ифлосшавии атмосфераи шаҳрҳои бузург: сабабҳо, оқибатҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо»
ХАТАР ДАР ҲАВО: ЧӢ ХЕЛ НАФАС КАШЕМ? ТОШКАНД, ОШ ВА ХУҶАНД
Ифлосшавии атмосфера – ин яке аз мушкилоти асосии экологии имрӯзаи мегаполисҳо, яъне шаҳрхои бузург мебошад. Аксари шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ аз партовҳои хатарноки моддаҳои ифлоси ба ҳаво партофташаванда азият мекашанд.
Ташканд, Ош ва Хуҷанд - қариб, ки мушкилоти якхела доранд, яъне манбаҳои ифлоскунандаи таркиби ҳаво мебошанд. Инҳо корхонаҳо, нақлиёти автомобилӣ ва дигар манбаҳои ба шаҳр хосбудаи ифлоскунандаи ҳаво мебошанд.
Ҳамин тавр, ифлосшавии муҳити атроф барои аҳолӣ зарари барқарорнашавандаи моддию маънавӣ мерасонанд ва барои беҳтар намудани сатҳу сифати ҳаётгузаронӣ мушкилоти вобаста ба партовҳоро ба ҳаво танзим кардан ва ҳал намудан зарур аст.
ПИ «ANKHOR.UZ», ШМТР «ИНТИМАК» ва ШТРР «Тирози Ҷавонӣ» дар доираи лоиҳаи ҳамкории - «ЭКОЛОГИЯИ МЕГАПОЛИСҲО (ШАҲРҲО): ПРОБЛЕМАҲО ВА РОҲҲОИ ҲАЛИ ОНҲО» кӯшиш карданд, ки Шуморо бо проблемаҳои мазкур дар шаҳрҳояшон шинос намоянд.
Хуҷанд
Тошканд
Бишкек
ХУҶАНД ЧИРО НАФАС МЕКАШАД...
Шояд мушкилии ифлосшавии атмосфера дар Хуҷанд ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ табдил ёбад. Хавфи дар ҳаво паҳншавии моддаҳои ба он хоснабуда на танҳо ба ифлосшавии ҳавои нафаскашии одамон оварда мерасонад, балки дар ниҳоят ба тағйирёбии иқлим дар минтақа таъсир мерасонад. Мо сабабҳои оқибатҳои ногувор ва ҳалли онро фаҳмидем.
Консентратсияҳои асосии моддаҳои зараровар дар ҳавзаи атмосфераи шаҳр барои мутобиқат ва таъсис додани консентратсияи ҳадди аксар (КҲА) -и партовҳо бояд:
1,2 мг/м3

ЧАНГ
0,3 мг/м3

ОКСИДҲОИ АЗОТ
0,1 мг/м3

АНГИДРИДИ СУЛФУР
1,5 мг/м3

ОКСИДИ КАРБОН
Мувофиқи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд - консентратсияҳои замин, партовҳо дар фазо (атмосфера) ва ҳадди ниҳоии партовҳои мавҷуда дар шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳанд:
1
НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӣ
Ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ - ҳам шаҳрӣ ва ҳам транзитӣ дар ифлосшавии ҳавои шаҳр бештар аст. Ба ҳисоби миёна он 70 фоизи ҳамаи партовҳои заҳролудро ба фазои шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд, шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳр ташкил медиҳанд:
13,4 ҳазор дона
Дар соли 2007
19,3 ҳазор адад
Дар соли 2016
ва шумораи он сол аз сол меафзояд.
карбогидридҳо
оксиди карбон
оксидҳои азот (нитроген)
Ҳиссаи калон дар ифлосшавии ҳаво автомобилҳои дорои ДВС (муҳаррики сӯзиши дохилӣ), ки бо бензин ҳаракат мекунанд, ташкил медиҳад. Ҳангоми сӯзиши бензин беш аз 200 компоненти зараровар тақсим карда мешаванд, ки аз онҳо хатарноктарин инҳоанд:
алдегидҳо
сулфид
сурб
моддаҳои заҳролуди кансерогенӣ
ТАМБАШАВӣ ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд ба чунин шумораи воситаҳои нақлиёт мутобиқат намекунад. Дарозии роҳ дар байни чароғакҳо дар шаҳр бе истгоҳ ба ҳисоби миёна то ба 500 метр мебошад, ки дар натиҷаи он суръати миёнаи ҳаракат дар маркази шаҳр рӯзона аз сабаби тамбашавӣ дар роҳҳои марказӣ то ба 12-20 км/соат паст мешавад ва ин ҳолат харҷи маводи сӯзишвориро 3-4 маротиба зиёд менамояд. Табиист, ки партовҳо низ зиёд мешаванд.
Бозори шаҳри Хуҷанд, ки онҳо асосан бо харид ва фурӯши автомобилҳои истифодашаванда машғуланд.
Вазъиятро "синнусол"-и парки мошинҳо дар шаҳри Хуҷанд бадтар менамояд. Бисёре аз мошинҳо беш аз 25 сол фаъолияти бетанаффус доранд. Бахусус ҳангоми воридоти мошинҳои истифодашудаи истеҳсоли Аврупо ва Корея, катализатори филтри қариб ҳамаи мошинҳоро бурида мегиранд, ки он барои бартараф намудани партовҳои зараровар пешбинӣ шудааст.
МАЪЛУМОТНОМА:
Барои кам кардани партовҳои заҳролуд ба атмосфера ҳангоми сӯзиши маводи сӯзишворӣ, дар системаи дарунсӯзи нақлиёти автомобилӣ, авто-катализатор пешбинӣ шудааст. Он чист? Агар бо истилоҳи химиявӣ гӯем, катализатор моддаест, ки равандҳои реаксияҳои кимиёвиро шиддат медиҳад, вале дар айни замон он худ ба реаксия ворид намешавад. Катализаторҳои асосӣ металлҳо шуда метавонанд: никел, родий, мис, хром, палладий ва тилло. Асоси принсипи кории таҷҳизоти катализатории автомобил ин қобилияти маводҳои катализаторӣ барои суръатбахшии реаксияҳои химиявӣ мебошад. Дар рафти сӯзиши маводи сӯзишворӣ дар силиндри муҳаррик. газҳои баромада моддаҳои зараровар ва заҳролудро ташкил мекунанд. Дар ин ҳолат онҳо ба организми инсон ва умуман табиат таъсири бад мерасонанд.
Яке аз сабабҳои гирифтани катализатор - ин мавҷудияти металлҳои ранга ва қиматбаҳо дар он аст. Ба фурӯшандагон фоидаовар аст, агар ин ҷузъи муҳими мошинро дар алоҳидагӣ фурӯшанд ва хароҷоти нақлиётро пӯшонанд. Вале дар бораи он ки ин мошин дар шаҳри Хуҷанд чӣ гуна ҳаракат мекунад - касе парвое надорад. Набудани катализатор дар ниҳоят ба афзоиши харҷи сӯзишворӣ ва сӯзиши нопурраи он оварда мерасонад. Ва ин аллакай мушкилиест, ки ба атмосфера бароварда мешавад ...
Оё дар ҳақиқат катализатор зарур аст? Ин ҷо фикри дӯстдорандаи нақлиёт, ки таҷрибаи кории 30-сола дорад:
Синтезатори автомобилии катализатор ба кори самараноки муҳаррик таъсири мусбат дорад: Оғоз намудани кори муҳаррик ва гарм кардани онро дар мавсими хунук осон менамояд. Имконияти ангезиши сӯзишвориро коҳиш медиҳад. Раванди сӯзишро дар силиндр беҳтар намуда, ба сарфаи сӯзишворӣ мусоидат мекунад. Дудбароӣ ва партовҳои моддаҳои зарароварро коҳиш медиҳад. Кори муҳаррикро умуман зиёд менамояд. Мавҷудияти чунин таҷҳизот дар мошин, хароҷотро дар фаъолияти минбаъдаи автомобил ба таври назаррас кам хоҳад кард.
Рофиев Акбаралӣ
ронандаи касбӣ
Ҳангоми харидани мошин мавҷудияти катализаторро талаб намоед! Агар он набошад - пас нархи мошинро далерона паст кунед! Инро бо мушкилоти партови моддаҳои зараровар ба фазои шаҳр ва бо он, ки кӯдакони онҳо низ аз атмосфераи ифлосшудаи шаҳр нафас мекашанд, асос кунед!!! Аз 10 "фурӯшандаи автомобил" шояд 1 нафар - инро фаҳмад ва дарк намояд!
Ба маблағи сарфашуда бошад, КАТАЛИЗАТОРИ навро харед ва дар мошини худ насб кунед (арзиши миёна 55 доллари ИМА). Аммо нархи ниҳоӣ аз сифат ва тамғаи истеҳсолкунандаи маҳсулот вобаста аст.
Бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист, аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва полиси экологӣ, ҷиҳати ошкор намудани вайронкунандаҳои истифодабарӣ ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ба таври мунтазам рейдҳо гузаронида мешаванд.

2
ПАРТОВҲОИ САНОАТӣ
Манбаи дуюми ифлосшавии ҳавои атмосфера иншооти саноатӣ мебошанд.
Тибқи гузориши омори давлатӣ, ҳаҷми умумии партовҳои моддаҳои зараровар ба фазо аз тарафи корхонаҳои саноатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар соли 2016-ум 524,2 тоннаро ташкил намуд, аз он ҷумла:
Дар шаҳри Хуҷанд тамоюли паст кардани партовҳои зараровари саноатӣ мушоҳида мешавад. Ин асосан аз баровардани корхонаҳо аз ҳудуди маҳалҳои зисти шаҳр вобаста аст.
Корҳо инчунин барои беҳтар кардани раванди технологӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ барои истеҳсолоти бепартов идома доранд.
Имрӯз дар миқёси шаҳр минтақаҳои Шимолу Шарқ, Шимолу Ғарб, «Пахтакор-1», «Пахтакор-2» ва Ҷанубу Ғарб фаъолият мекунанд.
Дар Хуҷанд сохтмони бино ва иншоотҳои таъиноташон гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ бо суръат ҷараён дорад. Ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ (заминӣ, банақшагирӣ, бетонӣ, кафшерӣ, битумӣ, ниҳоӣ, ободонӣ ва нигоҳдории масолеҳи резишӣ) аз майдони сохтмон партофтани партовҳои моддаҳои зараровар ба ҳудуди маҳалҳои истиқоматии наздик идома дорад.

3
АҲОЛӣ
Сарчашмаи сеюми (аз рӯи ҳаҷм) ифлосшавии атмосфераи шаҳр натиҷаи ҳаёти рӯзмарраи аҳолӣ мебошад. Барои гарм кардани бинову хонаҳо дар мавсими зимистон, инчунин пухтупази хӯрок одамон сӯзишвориҳои сахт, моеъ ва газиро истифода мебаранд. Дар натиҷаи сӯзиши онҳо ҳаҷми зиёди газҳо ва дудҳои заҳролуд дар фазо паҳн мешаванд.
Ошхонаи тоҷикон - бо навъҳои гуногун хеле ғанӣ аст ва таърихи қадима дорад. Палав, самбӯса, манту, лагмон, дамлама ва ғайра. Ва албатта сихкабоб (шашлик)! Аммо онро танҳо бо истифодаи ангишт тайёр мекунанд. Ва ин ифлосшавии гирду атроф бо маводи сӯзиши нопурра (оксиди карбон, чанг, дуд ва ғайра) мебошад. Дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, бахусус дар ҳудуди бозори Панҷшанбе нуқтаҳои махсуси хӯроквории ҷамъиятӣ - «Шашликхона»-ҳо хеле зиёданд.

4
ИФЛОСШАВИИ ФАРОМАРЗӣ
Ифлосшавии фаромарзӣ – ин ифлосшавии ҳавои шаҳр дар натиҷаи гузаронидани моддаҳои зараровар (ифлоскунандаҳо) мебошад, ки сарчашмаи ифлосшавии онҳо берун аз ҳудуди шаҳр ҷойгир аст.
Ин навъи манбаи ифлосшавии ҳавои шаҳр НОЧИЗ аст ва он дар давраи гузаронидани киштукори кишоварзӣ, сохтмони роҳҳо ва иншооти дигар дар шаҳру ноҳияҳои наздики шаҳр (дар самти шарқ ва ғарб) ба авҷи аълои худ мерасад. Дар хусусиятҳои иқлимии шаҳри Хуҷанд ҳам омилҳои мусбат ва ҳам манфӣ ҳастанд, ки ба сатҳи ифлосшавии фаромарзии ҳаво таъсир мерасонанд.
Омилҳои мусбат
- ин хатти ҳаракати шамол буда, «хос»-и шаҳри Хуҷанд аст, ки дар он бодҳои ду тараф бартарӣ доранд: шарқ ва ҷанубу ғарбӣ, ки ба берун баровардан ва бартараф сохтани моддаҳои ифлоскунанда аз ҳавои фаромарзии шаҳр ва барои поку тоза кардани он мусоидат менамояд, эҳтимолияти ташаккули авҷи ифлосшавии атмосфераи шаҳрро кам мекунад.
Омилҳои манфӣ
- ин боришоти каму ночизи атмосфера мебошанд, ки имконияти бартараф сохтани моддаҳои зарароварро аз ҳаво кам мекунанд. Он дар шароити иқлими гарм ва фаъолшавии зиёди офтоб, ки барои шаҳри Хуҷанд хос аст, мустаҳкам мешавад.

МО ДАР ХОНА ЧИРО НАФАС МЕКАШЕМ?
Илова ба манбаъҳои ифлосшавии зикршуда, боз як манбаи маккорона ё ҳилагароёна мавҷуд аст - ҳавои олуда дар дохили бино ё хона, ки сабаби аввалиндараҷаи бемориҳои гуногун мебошад.

Ҷузъҳои химиявӣ - дар муҳити зист мавҷудияти дуди тамоку, формалдегид, пайвастагиҳои органикии ҳавоӣ, оксиди карбон, гази карбон, оксиди нитроген, озон, радон, зарраҳои асбест ва ғайра мебошад.

Ҷузъҳои биологӣ – мавҷудияти қисмҳои пуриқтидор, фулузоти чанги хона, аллергенҳои беруна ва монанди инҳоянд.
Биноҳои хиштин ва бетонии мо ҳамеша моддаҳои химиявии заҳролуд ҷудо мекунанд. Дар фазои пўшида шумораи зиёди зарраҳои микроскопии пайдоишашон гуногун, омехтаҳои гуногуни зараровар ё ҳатто заҳрнок «сокин» мешаванд. Экологҳо ва табибон муайян кардаанд, ки ҳавои хона нисбат ба кӯча 4-6 маротиба ифлостар ва 8-10 маротиба заҳрноктар мебошад.
САБАБҲО ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ҲАВОИ ИФЛОСШУДА ДАР БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ.

Абдуллозода Абдумавлон - муовини сардухтури санитарии давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин бора ба мо чунин гуфт

Ҳавои ифлосшудаи бино ба саломатӣ чӣ хел таъсир мерасонад?
Роҳҳои мубориза бо ифлосшавии ҳаво дар биноҳо

ҲАВОИ ИФЛОС – САЛОМАТИИ СУСТ
Экологҳо ва духтурон тасдиқ менамоянд – вазъияти экологӣ, яке аз унсурҳои асосие мебошанд, ки бевосита ба вазъи саломатӣ ва давомнокии умри аҳолӣ таъсир мерасонанд. Захираҳои функсионалии шаҳрвандон ҳамарӯза барои тобоварӣ санҷида мешаванд. Ин на танҳо ба беморон, балки ба одамони солим низ таъсири манфӣ дорад.
БЕМОРИҲОЕ, КИ БАРАНГЕЗАНДАИ ИФЛОСШАВИИ ҲАВОИ АТМОСФЕРӢ МЕБОШАНД
ЭМФИЗЕМАИ (ВАРАМИ) ШУШ
Эмфизема (аз калимаи юнонии еmphysema –варамкунӣ) – бемории шуш мебошад, ки баъзан чун касалии тамомкӯкашон низ номида мешавад. Ин бемории харобиовари алвиолии шуш мебошад. Дар инкишофёбии бемории эмфиземаи шуш шустшавии ёзидани бофтаҳои шуш ва равандҳои кашишхӯрии мушакҳо дар девораи ҳубобчаҳои шуш нақши муҳим мебозад. Нисбат ба маҳалҳои деҳот дар шаҳрҳо ин беморӣ зиёд вомехӯрад. Аз ин бемори натанҳо тамокӯкашон азият мекашанд. Давомнокии ин беморӣ одатон дурудароз аст (15 – 20 сол ва аз он зиёд).
БРОНХИТ
мушкилоти ҷиддии роҳҳои нафаскашӣ аст, бо диоксиди сулфур ва баъзе ифлосшавии атмосфераи махсус алоқаманд аст. Мувофиқи хулосаҳои духтурон, ин беморӣ дар сатҳи хатарнок дар байни ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ паҳн мешавад.
АСТМА
(греч. asthma – одышка, удушье )заболевание, выражающееся периодически наступающими приступами удушья, имеющими различную силу и продолжительность (от нескольких часов до нескольких дней). Возникновение приступа обусловлено спазмом мелких бронхов, набуханием их слизистой оболочки и закупоркой выделяемой в изобилии слизью. Астмасильнейшим образом затрудняет дыхание больных, быстро распространяется в последние годы.
(юнонӣ asthma- норасоии нафас, буғӣ) - давра ба давра буғи шудан, ки дорои қувват ва давомнокии гуногун мебошанд (аз якчанд соат то якчанд рӯз). Дараҷаи ибтидои беморӣ ба воситаи як чархаи хурди бронхҳо, варами мембранаи онҳо ва пошидани луоб, ки дар фаровонӣ фароварда мешаванд. Астма бо шиддат роҳи нафасро мебандад, солҳои охир зуд паҳн мешавад.
ПНЕВМОНИЯ
(юнонӣ. pneumon – шуш) – бемории шуш, ки ҳамчун бемории мустақил ё ба пайдоиши бемориҳои дигар оварда мерасонад. Пневмония, одатан як бемории вирусӣ, ки ба миқдори муайяни металлҳо дар ҳаво алоқаманд аст.
ГИПЕРТОНИЯ
(юнонӣ. hyper – афзоиш, зиёд ва tonos – шиддат) – афзоиш (шиддати) организмҳо, бофтаҳо; аксар вақт калимаи "гипертония" ба баландшавии фишори хун оварда мерасонад. Гипертония бо мундариҷаи партовҳои саноатӣ дар атмосфера мувофиқат мекунад, ки дар он камдийи дохил мешаванд.
БЕМОРИҲОИ УМУМӢ
объясняются несколькими причинами, которые часто связаны с содержащимися в воздухе отходами промышленности. Есть серьезные основания полагать, что вызывают эти заболевания такие вещества, как формальдегид, перекись водорода
якчанд сабабҳо, ки аксар вақт бо партовҳои саноати ҳавоӣ алоқаманданд, вобастаанд. Сабабҳои ҷиддии боварӣ ба он аст, ки ин моддаҳо боиси моддаҳои ба монанди формулаи, ҳидроген хуруҷ мегарданд
Экологҳо ва духтурон тасдиқ менамоянд – вазъияти экологӣ, яке аз унсурҳои асосие мебошанд, ки бевосита ба вазъи саломатӣ ва давомнокии умри аҳолӣ таъсир мерасонад. Захираҳои функсионалии шаҳрвандон ҳамарӯза барои тобоварӣ санҷида мешаванд. Ин на танҳо ба беморон, балки ба одамони солим низ таъсири манфӣ дорад. "Ифлосшавии ҳаво метавонад боиси чунин бемориҳо гардад: нафастангӣ, бронхит ва дигар бемориҳои роҳи нафас. Оксиди кремний, ҷуфтҳои азотӣ, пайвастагии фосфор - омилҳои химиявие, ки боиси бемории нафасгирӣ ва роҳи нафас мегарданд. Нишонаҳои сироятёбӣ аз моддаҳои зараровари химиявиро мустақилона муайян кардан мумкин аст. Ин сардардкунии доимӣ, беқуватӣ, пастшавии консентратсияи таваҷҷӯҳ, танбалӣ, дилбеҳузурӣ мебошад. Ҳамаи ин метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, агар сари вақт ба духтур, ки табобати дурустро муқаррар менамояд, муроҷиат нанамоем.

Наимов Фирӯз
Духтур-аллергологи беморхонаи вилоятӣ
Фосилаҳо (диапазонҳо)-и оқибатҳо барои саломатии аҳолие, ки аз ҳавои ифлоси шаҳр рух медиҳанд.

Хуҷанд - шаҳри сабз
Масъалаи ифлосшавии муҳити зисте, ки бо раванди шаҳрсозӣ алоқаманд аст, чӣ гуна ҳал карда мешавад?

Мувофиқи меъёрҳои санитарӣ, масоҳати ҳадди аққал барои сабзкорӣ ба як нафар бояд на камтар аз 10 м2 бошад. Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд - майдони умумии сабзкориҳо 305,87 гектар мебошад ва ба ҳар як нафар 19,8 м2 рост меояд. Рушди перспективӣ дар ин самт стратегияи асосии давлат мебошад.
МАЪЛУМОТНОМА:

Шароити муҳити зисти барои инсон мусоид - ҳавои тозаи озонӣ дар ҳарорати 20-22 дараҷа ва намнокии нисбии 40-60 фоиз мебошад, ки дар миқёси шаҳр дар натиҷаи партовҳои нақлиётӣ ва саноатӣ вайрон карда мешаванд. Усули табиии ҳаво сабзкорӣ аст, ки як гектари он ба раванди фотосинтез то ҳадди оксиген, ки барои нафаскашии 200 нафар зарур аст, ҷудо карда метавонад. Дар ин ҳолат, дар як соат то 8 кг гази карбон ҷаббида мешавад.
Хуҷанди имрӯза - бо бисёр боғҳо ва майдонҳо, бо сокинони меҳмоннавоз, бо биноҳои зебо, бо ёдгориҳои сершумори таърихӣ, бо фаввораҳои зебо шаҳри сабз ва бароҳат мебошад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти шинонидани ниҳол ва сабзкорӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ниҳолу гулҳои сабз ҳавои шаҳрро аз чангу ғубор тозаву пок менамоянд ва қисми органикии тарҳрезии банақшагирии шаҳри имрӯза мебошад, ки дар он вазифаҳои санитарию гигиенӣ ва ороишиву банақшагириро иҷро мекунанд.
Ҳар сол дар шаҳр ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳо ва рӯзи гулҳо гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо аллакай ба анъана даромадаанд ва шиносномаи Хуҷанд дониста мешаванд. Ҳамчунин нақши чунин чорабиниҳо дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ калон аст.
Left
Right

Барои нигоҳдорӣ ва рушди вазъияти экологӣ, фаъолияти чорабиниҳои зерин зарур аст:
Назорати қавӣ аз партовҳо ба ҳаво аз манбаъҳои устувор ва манбаҳои ҳаракаткунанда.
Бо дастгоҳҳои чанголудкунӣ таъмин намудани сарчашмаҳои "ифлос" -и партовҳои саноатӣ
Риояи ҷадвали баровардани партовҳои хонагӣ аз шаҳр.
Пешгирӣ намудани ташаккул додани майдонҳои ғайриқонунии партовҳо дар маҳалҳои истиқоматӣ, маҳалҳо ва махсусан, дар соҳилҳои Сирдарё.
Манъи баровардани қитъаи замин ва сохтмони иншоот ба соҳили дарё ва минтақаҳои сабзии шаҳр: махсусан барои нуқтаҳои хӯрок ва дигар иншоотҳое, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Афзоиши минтақаҳои сабзии шаҳр дар қисмати рост, дар печҳои Муғул-Той.
Дар баробари чораҳои аллакай амалӣ ва тадбирҳои андешидашуда, зарур аст системаи мониторинги экологии доимии муҳити шаҳр бо мақсади назорати доимӣ, сари вақт ошкор намудани нуқтаҳои ифлоскунии маҳаллии нормативии болоӣ ба роҳ монда, дар муддати кӯтоҳ амалиёт барои бартараф кардани онҳо гузаронида шавад.

Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки ҳифз ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр бе ҷалб намудан, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ғайриимкон аст. Бе кӯмаки ҷомеа ягон намуди чорабинӣ ва барномаҳо, амалиёт ва низоми мониторинг мушкилоти сохтани муҳити созгору бароҳати экологӣ барои ҳаёт дар шаҳри Хуҷандро ҳал намекунад.
ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ ОМИЛҲОИ ДАР БОЛО ОВАРДАШУДА ИМКОНИЯТ МЕДИҲАНД, КИ ЧУНИН ХУЛОСА БАРОРЕМ:
"ВАЗЪИЯТИ ЭКОЛОГИИ ШАҲРИ ХУҶАНД БО РАВАНДИ ТАКМИЛИ ОН УСТУВОР АСТ."
«Интишороти мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мӯҳтавои ин нашрия намунаи масъулиятшиносии ҶДММ ШТРР «Тирози Ҷавонӣ» буда, нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад».

...
АМАЛИЁТИ ҲАВОИ ТОЗА
Дараҷаи ифлосии атмосфераро экологҳо бо ёрии индекси махсус муайян мекунанд. Аз рӯи маълумоти sputniknews-uz.com, "ИИА аз рӯи панҷ намуди модда тӯли 2 соли охир дар пойтахти Ӯзбекистон аз 3,6 боло намеравад, ки ин ба дараҷаи пасти ифлосӣ мувофиқ аст". Чунончи vollaracis.com хабар медиҳад: «Дар рафти мониторинги мунтазами ҳолати экологӣ дар пойтахт аз тарафи экологони ӯзбек ИИА шаҳри Тошкад муайян карда шуда буд: соли 1999 он 6,48-ро ташкил дод, соли 2007 бошад 5,71. Мувофиқи ҷадвал ИИА ифлосии ҳаво дар пойтахт аз баланд то насбатан баланд тағйир ёфта истодааст».
Дар асл чӣ гуна будани корро гурӯҳи АНХОР.УЗ муайян карда истодаанд.
Системаи мониторинг
Кӣ, чӣ тавр ва чиро чен мекунад? Дар Ӯзбекистон се намуди мониторинги ҳолати ҳавои атмосферӣ мавҷуд аст. Инҳо - патрулиронии мунтазам, эконавбатдории доимӣ ва аксияҳои калон мебошанд.
Амалиёти "Ҳавои тоза" ҳар сол дар якчанд марҳила аз тарафи Кумитаи давлатии экология, ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад.
Экопатрул

Дар Тошканд аз соли 2000 оғоз карда, взводи экологии махсус фаъолият мебарад, ки ҳар рӯз дар дидбонгоҳҳои бехатарии ҳаракати роҳ, ки дар роҳи автомобилии давродавр ҷойгиранд, заҳрнокии газҳои истифодашударо назорат мекунад ва чораҳои заруриро барои кам кардани партовҳои зараррасон меандешанд. Ронандагони автомобил тез-тез дар роҳҳо мошини ин хадамотро мушоҳида мекунанд.

Тафтиш дар ҷойҳо

Дар тамоми ҷумҳурӣ 63 дидбонгоҳи доимӣ амал мекунанд. Барномаи маниторинг 5 ифлоскунандаи асосиро дар бар мегирад: чанг (ҳиссачаҳои сахти муаллақ), оксиди карбон (гази карбон), диоксиди азот, диоксиди сулфур, оксиди азот. Дигар нишондиҳандаҳо (аммиак, фенол, формалдегид, озон, хлор, фторидҳои сахт, гидрогени фторитӣ) ба барномаҳои ченкунӣ вобаста ба миқдори партовҳои саноатӣ ва хусусияҳои махсуси минтақа илова карда мешаванд. Назорати ҳолати ҳавои атмосферӣ ҳар рӯз се маротиба дар як шабонарӯз гузаронида мешавад.
Дар Тошканд назорати метеорологӣ аз моҳи декабри соли 1867 гузаронида мешавад. Аз моҳи марти соли 1870 дар рӯзномаи "Туркестанские ведомости" маълумот оид ба обу ҳаво ва мушоҳидаҳои метеорологӣ нашр мешаванд. Соли 1873 расадхонаи астрономӣ ва физикии Тошканд ба кор оғоз кард. Моҳи сентябри соли 1876 стансияи метеорологии Тошканд кушода шуда буд, ки расадхонаи он то имрӯз низ фаъолият мебарад.
Амалиёти "Ҳавои тоза"

Соли 2017 марҳилаи аввали амалиёт аллакай ба анҷом расидааст. Марҳилаи дуюм моҳи ноябр оғоз мегардад. Натиҷаи марҳилаи аввал тафтиши 140226 адад воситаҳои нақлиётӣ гардид. Тафтишҳои махсус барои муайян намудани заҳрнокӣ ва дуднокӣ ташкил карда шуда буданд. Миқдори нақлиётҳое, ки бо заҳролудӣ ва дуднокии баланди гази истеъмолӣ истифода бурда мешуданд 5%-ро ташкил дод, ки дар дараҷаи соли гузашта боқӣ мондааст.
Барои вайрон кардани қонунгузории ҳифзиҳавоӣ аз тарафи ХБҲР 1246 нафар ба маблағи умумии 238474,020 ҳазор сӯм ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Натиҷаи чораҳо оид ба назорат ва батартибории миқдори моддаҳои ифлоскунанда дар газҳои истеъмолӣ мувофиқи меъёрҳо, камшавии партовҳои зараррасон ба атмосфера ба миқдори 14 тонна камтар гардид. Дар рафти амалиёти "Ҳавои тоза" инчунин амалиёти иттилоотӣ низ гузаронида шуд.
"Дар рафти амалиёти "Ҳавои тоза" воситаҳои нақлиётӣ дар дидбонгоҳҳои ташкилгардидаи экологӣ ва доимии хадамоти назорати роҳи (ДПС) ХДБҲР тафтиш карда мешуданд. Тафтишро мошинҳои истифодашаванда новобаста аз шакли моликияташон, ки аз они ташкилотҳо мебошанд, дар роҳҳо ва шоҳроҳҳо, пеш аз баромадан ба роҳ ва пас аз баргаштан, инчунин дар автовокзалҳо ва истгоҳҳои охирини нақлиёти истифодаи омма, мегузаштанд.
Чунончи таҷрибаи солҳои гузаштаи гузаронидани амалиёт нишон медиҳад, ронандагон ба чунин тафтишотҳо ба таври ҷиддӣ муносибат мекунанд ва мефаҳманд, медонанд. ки назорати техникии ҳолати нақлиёти ӯ ё ба ӯ аз тарафи корхона додашуда ин хавотирӣ нисбати саломатии шахсии ӯ ва инчунин инкишофи хуби кӯдакон мебошад".

Алишер Абдуқодиров
Назоратчии шӯъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО ХБҲР ХДКД шаҳри Тошкант
Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз аввали соли 1990 миқдори нақлиёт дар Тошканд 2,6 маротиба афзудааст.
Нақлиёт аз нақлиёт фарқ мекунад. Агар дар роҳҳои шаҳр мошинҳои кӯҳна ҳаракат кунанд, мошинҳои хориҷии кӯҳна, ки ба талаботҳои техникии имрӯза ҷавобгӯ нестанд, сӯзишвории пастсифат, ки ба стандартҳои умумии қабулшуда ҷавобгӯ нестанд, истифода мешаванд. Агар системаи идораи ҳаракати роҳ хуб набошаду сифати рӯйпӯши роҳҳо бад бошад, пас партовҳои зараррасон низ ба атмосфера зиёд мешаванд.
Хавф дар чист?
Байни дараҷаи ифлосшавии ҳаво ва дараҷаи беморшавӣ робитаи мулақобилаи миқдорӣ вуҷуд дорад. Ифлосшавӣ метавонад баландшавии дараҷаи беморшавиро бо таъсири кӯтоҳмуддат (роҳи нафасии шадид) ё дарозмуддат (бемориҳои якумра) ба миён орад.
Албатта, дар ҷумҳурӣ баҳри назорати партовҳои моддаҳои зараррасон ба атмосфера чораҳо андешида мешаванд: базаи қонунгузории меъёрӣ мавҷуд аст, Регистри миллии партовҳо ва ифлоскунандаҳо ташкил карда шудааст – ин имконият медиҳад, ки ҳавои атмосфериро беҳтар кунем, вале ин кофӣ нест.
Бо воситаи газҳои истифодашудаи нақлиёт ба атмосфера то 200 намуди компонентҳои гуногун ворид мешаванд.
Кадом чораҳо андешида мешаванд?
Бисёре аз корхонаҳои саноатӣ аз ҳудуди шаҳр хориҷ ва ё берун карда шуданд.
Аз маркази шаҳр корхонаҳои зерин, масалан Химфармзавод, Винзавод, Фабрикаи канаббарорӣ, Фабрикаи фарфорӣ, заводи авиатсионии ба номи Чкалов, заводи тракторбарории шаҳри Тошканд низ корҳои худро қатъ мекунанд.
Албатта, дар Тошканд боз корхонаҳои саноатӣ боқӣ монданд, аммо на онқадар бисёр.
Маблағи зарурӣ ҳамчунин барои иваз ва барқарорсозии парки мусофиркашонии шаҳр, гузаронидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба сӯзишвории экологии безарар, равона гардид.
Истифодаи бензин хеле кам карда шуд, аз 100% дар соли 1991 то 4% дар ибтидои соли 2014, ки қариб пурра партови вобастагӣ ба сурб, ки бемориҳои онкологӣ ба миён меоранд, коҳиш ёфт.
Мутобиқи чорабиниҳои таҳияшуда дар як сол зиёда аз 500 автомобил ба истифодаи алтернативии намудҳои сӯзишвории газӣ гузаронида мешаванд, аммо ин тадбир хеле суст ҷараён дорад, ҳамагӣ 23 фоизи нақлиёти парки автомобилии шаҳр ба газ гузаронида шуданд. Ин аз ҷиҳати иқтисодӣ низ фоидаовар аст, аксари ронандагони нақлиёт мустақилона ба таҷҳизоти газӣ ё муҳаррикҳои гибриди гузаштанд. Зеро он нархи ҳаракати мошинро хеле кам мекунад.

Сулаймонов Акмал
Ронанда
"Дар давраи Шӯравӣ сӯзишвории АИ 80 дорои металлҳои вазнин буд. Акнун бозори сӯзишворӣ болоравии сатҳи поксозиро муайян мекунад. Акнун стандартҳои евро 4 ва евро 5 мавҷуданд. Ҳоло AИ 80 ифлосиро намефаҳмонад, он тоза карда шудааст ва бояд ба талаботи стандартҳо ҷавоб диҳад. Вале ҳатто ин бензини тозакардашуда низ партов дорад. Газ дар ин ҳолат интихоби бештар дурусти экологӣ аст. Он металлҳои вазнин надорад, пурра месӯзад ва дар муқоиса бо сӯзишвории моеъ беҳтар аст, бинобар ин, ҳангоми сӯзиш моддаҳои заҳролудшударо камтар ҷудо менамояд"

Дмитрий Переяславский
директори Фонди ҷамъиятии "Ырызстан" эколог
Технологияҳое ҳастанд, ки партовҳои зараровари автомобилиро хеле кам мекунанд. Намудҳои автомобилҳои ба ин монанде, ки аз ҷониби саноати автомобилбарории Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, дар айни замон дар Экспо- 2017 дар шаҳри Остона ба намоиш гузошта шудаанд. Аввалин мошин бо омехтаи бензин ва этанол, дуюм - бензин ва гидроген ва сеюм – бо барқ ҳаракат мекунад.
Системаи назорати ҳаракати нақлиёт низ беҳтар карда шудааст. Танзими автоматӣ ҷорӣ карда шуд. Асосӣ ва аз ҳама муҳимтарин бо камераҳои бехатар ва системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин тадбирҳо на танҳо дар пайи иҷрои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, балки барои тақсимоти оптималии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар давоми вақти серҳаракаттарин равона карда шудаанд.
Дар Тошканд солҳои охир бисёре аз роҳҳо таъмир ва кӯчаҳои шаҳр барқарор карда шуданд. Чорроҳаҳо ва пулҳои нав сохта шудаанд. Бисёре аз ҷойҳое, ки дар он пештар мошинҳо ҷамъ мешуданд, серборанд. Масалан, гиреҳи бузург дар назди стансияи метрои Ҳамза аст. Ин ба ронандагони автомобил қулай мебошад, вале дар айни замон вазъияти экологиро беҳбуд намебахшад, зеро дар кӯчаҳо бо ҷамъшавии шумораи зиёди мошинҳо, ҳаҷми партовҳо 20% меафзояд.
Беҳтарсозии муҳими ҳаво шинонидани ниҳолҳои сабз мебошанд. Кӯчаҳои шаҳр, алалхусус шоҳроҳҳои серҳаракат дар Тошканд "экранҳои сабз"-ро ба чорчӯба мегиранд, филтрҳои аслие, ки таъсири манфии партовҳоро коҳиш медиҳанд. Дар боғи ороишии Тошканд зиёда аз 220 намуди дарахтон ва буттаҳо ҳастанд, ки ба 102 навъ ва 48 оила мансубанд. Дар Тошканд майдони сабз тақрибан 15,2 ҳазор гектар ё бештар аз 30 фоизи қаламрави шаҳрро ташкил медиҳад.
Дар аксари кӯчаҳои Тошканд экранҳои сабз гузошта шудаанд, ки биноҳои истиқоматиро аз роҳ ҷудо мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои охир дар бораи коҳиш додани дарахтон дар Тошканд бисёр мубоҳисаҳо вуҷуд доштанд. Буридани дарахтҳо боз дошта шуданд, айни ҳол барои буридани дарахтон иҷозати Кумитаи давлатии экологӣ зарур аст.
Ҳар як нафар чӣ кор карда метавонад?
Новобаста аз он, ки шумораи мошинҳо дар Тошканд аз солҳои 90-ум тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст, ба ҳисоби миёна партовҳо ба як воситаи нақлиёт қариб 2,5 баробар коҳиш дода шудааст, бинобар ин, партовҳои зарарнок кам карда мешаванд.
Дар робита ба поксозии ҳаво дар пойтахт манзараи нисбатан некбахш аст. Ҳисоботи ҳамарӯзаи Маркази гидрометеорологӣ сатҳи пасти ифлосшавии атмосфераро нишон медиҳад. Ба ин бисёр чораю тадбирҳо мусоидат мекунанд, ки ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби шаҳрвандони инфиродӣ андешида шудаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки одоби экологиии ронандагони автомобил аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок аст, бинобар ин, он ба осонӣ паҳн мешавад. Шумораи мошинҳо меафзояд, саноат рушд мекунад ва муҳим он аст, ки бо мақсади зиндагонӣ кардан ва аз ҳавои тоза нафас гирифтан. гузаронидани мониторинги мунтазамро нигоҳ дорем ва барои муҳофизат кардани муҳити атрофи тамоми сатҳҳо кӯшиш намоем.
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода карда шуд. Мӯҳтавои маводи мазкур намунаи масъулиятшиносии "Лобар Исломова" ба шумор рафта, нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо инъикос наменамояд.

...
O2 или СО2 ?


СОКИНОНИ ШАҲРИ ОШ
ЧИРО НАФАС МЕКАШАНД?
Ош – шаҳри ғайрисаноатӣ мебошад, ки дар он ҳамагӣ якчанд заводу сехҳо кор мекунанд. Дар кӯчаҳои пойтахти ҷанубӣ ҳар рӯз то 120 ҳазор нақлиёти автомобилӣ ҳаракат мекунанд. Газҳои дамдамаи автомобилҳо – манбаи асосии ифлосшавии атмосфера дар шаҳр мебошад. Тибқи маълумоти Қиргизгидромет дар Ош ифлосшавии ҳаво аз консентратсияи имконпазир барзиёд намебошад. Вале экологҳо исрор менамоянд, ки сабабҳои боиси хавотирӣ мавҷуданд. Инҳо кадом сабабҳо мебошанд ва шаҳри Ош чиро нафас мекашад? Ҷавобро ба ин саволҳо Ынтымак Media Group ҷустуҷӯ намуд.
Ҳавои шаҳрро чӣ ифлос мекунад?
Корхонаҳои саноатӣ
Дар Ош миқдори объектҳои саноатӣ аз даҳто зиёд намебошад. Бошандагони шаҳр дар бораи фаъолияти онҳо баъди ҷанҷоли навбатии экологӣ хабардор мегарданд.
Корхонаҳо ба ҳаво ҳазорҳо тонна чанг, пайвастҳои кимиёвӣ, металлҳои вазнинро мебароранд. Ин дуда, диоксиди сулфур, аммиак, оксиди карбон, бензпирен, формалдегид, диоксиди нитроген, сулфид ва дигар моддаҳо мебошад. Аксарияти корхонаҳо бо иншоотҳои тозакунанда ба қадри кофӣ ҷиҳозонида нашудаанд, ё қувваи барқро барои пурбории пурраи ин иншоотҳо сарфа менамоянд.
Полигон барои партофтани партовҳои маишӣ
Ҳаво аз сабаби аланга гирифтани партовҳои сахти маишӣ ифлос мешавад. Дуди заҳролуд ба атмосфера фаромада, тамоми мавҷудоти зиндаро дар радиуси якчанд километр заҳролуд менамояд, зеро шабона шамол ба самти шаҳри Ош мевазад.
Истгоҳҳои таъмини сӯзишвории нақлиёт
Дар шаҳри Ош зиёда аз 40 Истгоҳҳои таъмини сӯзишвории нақлиёт фаъолият мебарад. Партовҳои онҳо барои саломатии инсон ҳатто дар сад метр дуртар аз истгоҳҳои таъмини сӯзишвории нақлиёт эҳтимолан хавфнок мебошад. Дар Ош масофа аз истгоҳҳои таъмини сӯзишвории нақлиёт то биноҳои истиқоматӣ баъзан аз даҳ метр зиёд нест, зуд-зуд онҳо дар наздикии истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир мебошанд. Сатҳи бензол, ки эҳтимоли инкишофи саратонро зиёд менамояд, дар истгоҳҳои таъмини сӯзишворӣ хеле баланд аст.
Нақлиётҳои автомобилӣ
Ҷараёни ҳаррӯзаи автомобилҳо дар Ош ба 120 ҳазор воҳид мерасад. Гуп-гупи газҳои автомобилӣ бахусус бо он хавфнок мебошанд, ки ҳаворо асосан дар сатҳи қади инсон ифлос менамоянд. Ва одамон маҷбуранд, ки ҳавои ифлосшударо нафас кашанд. Инсон дар як шабонарӯз 12м3 ҳаво нафас мекашад, автомобил – ҳазор маротиба зиёдтар.
ТЭС ва хоҷагиҳои дегхона
Ғайр аз теплоэлектросентралҳо дар ҳар як микроноҳияи шаҳри Ош дегхонаҳо кор мекунанд, ки аксарияти онҳо дар давраи мавсими гармкунии биноҳо (аз моҳи ноябр то моҳи март) гармиро аз мазут ва ангишт коркард менамоянд. Истгоҳҳои барқии гармидиҳӣ атмосфераро бо партовҳое ифлос менамоянд, ки ангидриди сулфит, дуокисаи сулфур, оксиди нитроген, дуда, инчунин чанг ва хокистар доранд, ки онҳо дорои намакҳои металлҳои вазнин мебошанд.
Сӯхтани баргҳои рехта
Экологҳо дуди баргҳои тирамоҳиро яроқи биологӣ меноманд. Дар дуди гулханҳо миқдори моддаҳои ифлоскунанда 200-300 маротиба аз консентратсияи имконпазир барзиёд мебошад. Як соати дар назди гулхани баргҳо гузаронидашуда аз рӯи зарар барои саломатӣ ба бошиши панҷсоата дар роҳи автомобилгарди шаҳрӣ баробар мебошад. Дар баргҳои пӯсанда бензапирен - моддае, ки дар инсон бемориҳои саратонро пайдо месозад, дар таркиби пайвастаҳои сурб, симоб ва дигар металлҳои вазнин бениҳоят зиёд аст, пайдо мешавад
Сехи арматура дар Жапалак
Жапалак – микроноҳияи аз нуқтаи назари экологӣ аз ҳама мушкили шаҳри Ош мебошад. Дар идораи деҳотӣ, ки дар масофаи панҷ километр аз марказ ҷойгир мебошад, якбора чор заводи хиштбарорӣ ва як сехи арматура кор мекунад. Дар худи ҳамин ҷо полигони партови шаҳрӣ ҷойгир мебошад. Истиқоматкунандагон дар давоми якчанд сол талаб менамоянд, ки ин корхонаҳо ва партовгоҳ руст карда шаванд. Бино бар гуфтаҳои жапалакчиҳо пагоҳӣ ва бегоҳӣ дар деҳа дуди сиёҳ ҳаст, нафаскашӣ душвор мегардад, аксарияти одамон гирифтори бемориҳои бодигарм ва чашм, сулфаи музмин гардидаанд.
Бактигул Юсупова, сокини шаҳри Ош
Айдин Хасанова, сокини шаҳри Ош
Ҳамаи ҳашт корхонаҳои саноатии (4 сехи арматура ва 4 заводи хиштбарорӣ) шаҳри Ош фаъолияти худро бо вайрон кардани меъёрҳои экологӣ оғоз намуданд. Тибқи суханони сарнозири экотехнозироти шаҳри Ош Асан Мамираимов баъди дахолати онҳо се заводи хиштбарорӣ дар Жапалак системаҳои филтратсионии худро ба танзим дароварданд.

Нисбат ба заводи чорум аз тарафи полиси молиявӣ парвандаи ҷиноӣ шурӯъ гардида, ҳоло тафтишот идома дорад. Инчунин парванда нисбат ба се сехи арматураи хитоӣ дар ҳудуди ХБК ҳанӯз соли 2015 шурӯъ гардида буд. Дар натиҷа як сех руст гардид, боқимонда ду сех иншоотҳои газтозакуниро ба танзим дароварданд. Фаъолияти сехи чоруми рехтагарии "Хунда компани"-ро дар Жапалак экотехнозирот соли 2016 боздоштааст. Танҳо баъди чунин чораҳои қатъӣ ширкат системаҳои филтратсионӣ насб намудааст.


Асанбек Мамираимов
инспектори калони экотехинспексияи шаҳри Ош
Сехи арматура дар Жапалак
Аммо, ҳатто баъди чунин чораҳои экотехнозирот, бошандагони Жапалак ба ҳар бобат талаб менамоянд, ки заводҳо руст карда шаванд. Якум: нафаскашӣ осонтар мегардид; дуюм: маъмурияти корхонаҳо аз нишон додани иншоотҳои газтозакунии худ қатъиян даст мекашанд, ки боиси шубҳа ва саволҳои жапалакчиҳо мегардад. Заводҳо ба хабарнигорон низ аз нишон додани системаи филтратсия даст кашиданд.

Новобаста аз руст кардани корхонаҳои саноатӣ - ҳалли ин вазъият намебошад,- чунин меҳисобад директори маркази Орхус дар шаҳри Ош Каныбек Исабаев. Аз рӯи суханони коршинос заводҳо барои иқтисодиёт лозиманд, онҳо метавонанд фаъолияти худро бе расонидани зарари экологӣ бо ёрии системаҳои муосири филтратсионӣ амалӣ намоянд.
Каныбек Исабаев, роҳбари маркази Орхус дар шаҳри Ош
Ифлоскунандаҳои бештар паҳнгаштаи атмосферӣ – гази сулфит (онро ТЕС-ҳои шаҳрӣ, ки бо ангишт ва мазут, ки дар он сулфур зиёд аст, кор мекунанд, мепартоянд), оксидҳои нитроген, оксиди карбон (гази ғуборолуд), хлор, формалдегид, фенол, сулфид, аммиак ва ғайра. Дар баъзе ҳолатҳо аз ду ё якчанд моддаҳои нисбатан бехавф, ки ба атмосфера партофта шудааст, таҳти таъсири равшании офтоб метавонад пайвастаҳои заҳролуд пайдо шавад. Экологҳо тахминан 2 ҳазор ифлоскунандаҳои атмосфераро ҳисоб намуданд.

Манбаҳои асосии ифлоскунӣ – стансияҳои барқии гармидиҳӣ, дегхонаҳо, тафдонҳои хонагӣ, корхонаҳои коркарди нафт ва нақлиёти автомобилӣ мебошад.
ТЭС-и шаҳри Ош
ТЭС-и шаҳри Ош ҳоло бо мазут ва газ кор мекунад. Маъмурияти Теплоэлектросентрал ва намояндагони раёсати ҳифзи муҳити зист исрор менамоянд, ки партовҳои ин корхона ба хаво назаррас нест. Корхонаи мунисипалии "Теплоснабжение" бошад, соли гузашта барои партови моддаҳои хавфнок ба атмосфера ба маблағи 41 ҳазор сом ҷаримабандӣ шудааст. Дар шаҳр 78 дегхона кор мекунад, ки 17-тои он қувваро аз ҳисоби барқ коркард менамояд, боқимонда 61-то бо ангишт кор мекунад.

Бино бар гуфтаҳои сардори шӯъбаи хоҷагии шаҳрӣ ва нақлиёт дар назди шаҳрдории шаҳр Урали Романов бисёрии корхонаҳо каме пеш сохта шудаанд ва дар онҳо системаҳои муосири филтратсионӣ насб гардидааст. Дар боқимонда дегхонаҳо ҷараёни ивази таҷҳизоти кӯҳна ба муосир сурат гирифта истодааст.
Ба чор сокин– як автомобил
Дар шаҳри Ош 70 ҳазор воситаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ғайр аз ин тавассути шаҳр 30-40 ҳазор воҳиди нақлиёти беруназшаҳрӣ тариқи транзитӣ мегузарад. Билохир дар шаҳр ҳар рӯз тахминан 120 ҳазор воситаҳои нақлиётӣ мегардад ва ин ба сифати ҳаво таъсири назаррас мерасонад.
Тибқи суханони сармутахассиси шӯъбаи шаҳрии бақайдгирии нақлиёт ва ҳайати ронандагӣ Авазбек Быйтиев дар Ош вазъият бо газҳои дамдама дар муқоиса масалан бо шаҳрҳои аврупоӣ хеле бад аст. Мошинҳои солҳои бароришашан 2006 ё 2007 дар Қирғизистон нав маҳсуб меёбад, новобаста аз он, ки онҳо ба мамлакат берун аз сарҳад баъди истифодаи даҳсола ворид карда шудаанд. Қисми зиёди мошинҳои истифодашуда аз Аврупо, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ворид карда мешаванд. Воситаҳои кӯҳна, нодуруст коркунанда ва бад хизматрасонандаи ҳаракат саҳми калонтаринро ба ифлосшавии ҳаво мегузоранд.
Авазбек Быйтиев
сармутахассиси шӯъбаи шаҳрии бақайдгирии нақлиёт ва ҳайати ронандагӣ
Шаҳрдории Ош корҳоро оид ба кам кардани ифлосшавии ҳаво иҷро карда, миқдори нақлиёти автомобилии аз ҷиҳати экологӣ тоза – троллейбусро зиёд менамояд. Моҳи майи ҳамин сол ба кӯчаҳои пойтахти ҷанубӣ 23 троллейбуси нав баромаданд, ки бо қарзи Бонки Аврупоии Рушд ва Тараққиёт (БАТР) харида шудаанд. Вале ҳоло ин барои шаҳри аҳолиаш ниммиллиона хеле кам аст. Барои минбаъд пурра намудани парки троллейбусии пойтахти ҷанубӣ алҳол маблағ нест.

Урали Романов
сардори шӯъбаи иқтисодиёт ва нақлиёти шаҳр
Ғайр аз ин, ба наздикӣ дар шаҳр якумин роҳи велосипедгард бо давомнокии 2,6км пайдо гардид. Он қади дарёи Ак-Буура гузаронида шудааст, аз боғи ба номи Токтогул сар шуда, дар боғи ба номи Навоӣ анҷом мебад. Албатта ин барои ҳаракати пурра бо велосипед дар шаҳр кофӣ нест. Вале дар Ош одамоне ҳастанд, ки новобаста аз набудани шароитҳо барои велосипедронӣ ба нақлиёти дучарха гузаштаанд.

Велосипед – намуди аз ҷиҳати экологӣ аз ҳама тозаи нақлиёт мебошад, ки ба сӯзишворӣ эҳтиёҷ надорад ва ба соҳибонаш саломатӣ ато менамояд. Ҳамагӣ дар ҷаҳон тахминан 1,4 миллиард велосипед ҳисоб карда шудааст, дар ҳоле ки шумораи автомобилҳо дар кураи замин тахминан 400 миллион мебошад.
Нурлан Бөрүбаев
Нурлан Бөрүбаев 2 сол қабл аз автомашина даст кашид ва ба велосипед гузашт. Нақлиёти дучарха барои ӯ на танҳо воситаи ҳаракат, балки тарзи ҳаёт мебошад. Ӯ бо велосипед дар Қирғизистон саёҳат мекунад.
Нурлан Бөрүбаев
сокини шаҳри Ош
Қирғизистон пешниҳод намуд, ки пардохти боҷи гумрукиро аз автомобилҳои барқӣ ва гибридҳои кӯҳна бекор кунад
Ҳамзамон Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал (ГАООСиЛХ) рӯзҳои наздик барои муҳокима ба Ҳукумат оид ба бекор кардани боҷҳои гумрукӣ ба электромобилҳо ва автомобилҳои гибридӣ таклиф пешниҳод намуд. Ҳамин тавр, Агентии давлатӣ мехоҳад кам кардани сатҳи газҳои гулхонагиро ба атмосфера ба даст орад. Бо ҳамин мақсад он чунин чораҳоро пешниҳод намуд:
- ба танзим даровардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ (аз ҷумла троллейбусҳо), ба даст овардани он, ки троллейбусҳо ба истгоҳ дар вақти дақиқ муайяншуда ҳозир шаванд;
- танзими чароғакҳои раҳнамо баҳри он, ки ронандагон тезтар метавонистанд ба чорраҳаҳо дар чароғи сабз гузаранд (вақте ки мошинаҳо дар чорраҳаҳо таваққуф мекунанд беш аз ҳама партовҳои зарарнок ҳосил мешавад);
- бекор кардани боҷҳои гумрукӣ ба автомобилҳои гибридӣ ва электромобилҳо.
Чанг дар ҳаво
Дар Ош миқдори чанг дар ҳавои атмосферӣ назорат карда намешавад. Шаҳр дар Қиргизистон аз ҳама тоза маҳсуб меёбад. Кормандон аз панҷи саҳар кӯчаҳоро мерӯбанд, мошинаи обпошӣ қисми марказии шаҳрро мешӯяд. Вале ин мушкилотро ҳал намекунад.

Ҳиссаи назарраси чанги шаҳр — ин заррачаҳои хок аст, ки дар мошинаҳо, пойафзол, либос мешинад, ба роҳҳои нафаскашӣ ворид шуда, боиси бемориҳои гуногун мегардад, зеро дар таркиби худ бисёр моддаҳои барои саломатии инсон зарарнокро дорад.
Як дидбонгоҳ ба тамоми шаҳр
Дар шаҳри Ош таҷҳизотхои махсус барои мониторинги сифати ҳаво намерасад.
Пойгаҳи мониторинги атмосфераи шаҳри Ош
Дар ҷаҳони муосир дар аксарияти шаҳрҳо системаи мониторинги атмосфера худкоркун мебошад, тағиротҳои экологиро дар он-лайн реҷа назорат намудан мумкин аст. Дар Ош бошад, барои тамоми шаҳр танҳо як стансияи мониторинг ҳаст, ки то ҳол бо таҷҳизотҳои шӯравӣ кор мекунад.
Нуқтаи мушоҳидави аз болои ифлосшавии ҳавои шаҳри Ош чи хел кор мекунад?
Алексей Кулибаба, нозири нуқтаи назоратӣ ифлосшавии ҳаво
Дар шаҳри Ош моҳи июли соли 2017 ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бо диоксиди сулфур аз 0,12 то 0,08 ПДК кам гардид, диоксиди нитроген дар сатҳи моҳи гузашта боқӣ монда 1,25 ПДК-ро ташкил дод. Моҳи июл дар шаҳри Ош 22 рӯз бо баландшавии ПДК-и миёнашабонарӯзӣ аз рӯи диоксиди нитроген мушоҳида гардид. Манбаъ: © Қирғизгидромет
Ташхисгоҳи раёсати минтақавии Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ош
Ташхисгоҳи раёсати минтақавии Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ош низ ба таҷҳизоти муосир ва мутахассисон эҳтиёҷ дорад. Таҷҳизоти ҳозира барои мониторинги сифати ҳаво дар шаҳр имкон намедиҳад. Ҳоло намояндагони ташхисгоҳ бо тафтиши партовҳои субъектҳои хоҷагӣ ба атмосфера маҳдуд мегарданд.

"Мо тамоми таркиби ҳаворо тафтиш намекунем, таҷҳизоти мо чунин имконият надорад. Мутахассисон низ нестанд, танҳо як мутахассис ҳаст. Мо аз хориҷа таҷҳизот интизор ҳастем. Ба наздикӣ 4 ҷои корӣ (штат) доданд ва ҳоло тавассути хадамоти кадрии давлатӣ мутахассисонро ҷустуҷӯ дорем. Мо инро дар давоми шаш сол ба даст овардем. Фикр мекунам, ки аллакай аз моҳи сентябр мо дар бораи ҳолати ҳавои шаҳри Ош гуфта метавонем ", - қайд намуд сардори раёсати минтақавии Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ош Жаныбек Баатыров.
Десанти сабз
Дарахтон ва буттаҳое, ки дар шаҳр месабзанд, ҳар рӯз ва ҳар соат кори бениҳоят калонро иҷро мекунанд: чанг ва гази ангидриди карбонро фурӯ мебаранд, оксиген коркард менамоянд, вазифаҳои санитарӣ-муҳофизатӣ, обҳифзкунӣ ва аз мағал ҳифзкуниро иҷро намуда, микроиқлим ва тарҳи ба худ хоси шаҳрро ташаккул медиҳанд.
Дар Ош тӯли солҳои охир ба «масъалаи сабз» таваҷҷӯҳи калон дода мешавад. Комбинати ободонӣ ва хоҷагии сабз ҳамин сол ниҳолхонаи сеюмро кушод. Ҳар сол кормандони хоҷагии сабз аз дарахтону буттаҳо тухмӣ ҷамъ меоваранд, дар ниҳолхона месабзонанд ва баъд дар канори роҳхои шаҳр мешинонанд. Ин намуди фаъолият аз буҷа воситаҳои молиявии иловагиро талаб намекунад.
Айгул Наватова
директори комбинати ободонии шаҳри Ош
Барои пешгирии ифлосшавӣ чораҳои сиёсӣ нисбат ба сифати ҳаво ва нақлиёт, дастурамалҳои меъёрӣ оид ба назорати ифлосшавии ҳаво дар шаҳр, назорат аз болои партовҳои саноатӣ ва ташвиқоти истифодаи манбаҳои тозаи барқароршавандаи қувва зарур мебошад. Чораҳо оид ба паст намудани сатҳи ифлосшавии ҳаво дохили бино ин даст кашидан аз истифодаи сӯзишвории сахт ва гузариш ба истифодаи намудҳои беҳтар тозаи сӯзишворӣ аз тарафи хоҷагиҳои хонагӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои самарабахши истифодаи сӯзишворӣ ва системаҳои хавотозакунӣ дар хонаҳо, мактабҳо ва ҷойҳои корӣ, инчунин даст кашидан аз тамокукашӣ мебошад. Кӯшишҳое, ки ба назаррас кам кардани ифлоскунандаҳои ҳаво нигаронида шудааст, инчунин ба паст кардани партофтани газҳои гулхонагӣ ва кам кардани оқибатҳои манфии гармшавии умумиҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ин мавод бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мундариҷаи он масъулияти медиа гурўҳи "Ынтымак" мебошад ва нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Made on
Tilda