ТАҒЙИРЁБИИ ДАРАҶАИ ИҚЛИМИ ШАҲРҲО ВА РОҲҲОИ КОҲИШ ДОДАНИ ОҚИБАТҲОИ ОН






Тағйирёбии иқлим – ноустувории иқлими Замин дар маҷмӯъ ё минтақаҳои алоҳидаи он бо гузашти вақт мебошад, ки дар маълумоти омории боэътимод параметрҳои боду ҳаво аз арзишҳои дарозмуддат дар давраи муайяни вақт аз даҳсолаҳо то миллионҳо сол нишон дода шудааст.

ПИ «ANHOR.UZ», ШМТР «ИНТИМАК» ва ШТРР «Тирози Ҷавонӣ» дар доираи лоиҳаи ҳамкории - «Тағйирёбии иқлими мегаполисҳо ва роҳҳои и пути сабуккунии оқибати он», дар бобаи тағйирёбии иқлими шаҳрҳои Осиёи Маркази дар ин мавод шинос менамоянд.
Хуҷанд
Тошканд
Бишкек
Синну соли сайёраамон тақрибан 4,5 миллиард сол аст. Дар ин давра Замин ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Таркиби атмосфера, вазни худи сайёра, иқлим - дар оғози пайдоиш ҳама чиз тамоман дигар хел буд. Плитаҳои тектоникӣ ба ҳам бархӯрда, системаи нави кӯҳиро ташкил карданд ва дар сайёра баҳр ва уқёнусҳо ба вуҷуд омаданд. Қитъаҳо пайдо ва нобуд шуданд, шаклу намуд ва андозаи онҳо тағйир ёфтанд. Замин сусттар чархзананда шуд. Аввалин растаниҳо ва сипас худи ҳаёт пайдо шуданд. Бинобар ин, дар давоми миллиардҳо сол дар сайёра тағйироти ҷиддие дар рутубатнокӣ, гардиши гармӣ ва таркиби атмосфера ба амал омаданд. Тағйирёбии иқлим дар тамоми мавҷудияти Замин рӯй дод. Ин раванд боз дар муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт.
!
- Газҳои ин намуд тақрибан 60 фоизи ҳаҷми умумии моддаҳоеро, ки ба шарофати онҳо таъсири гулхонаӣ эҷод мешаванд, ташкил медиҳанд.

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР ТОҶИКИСТОН.
Тоҷикистон кишваре мебошад, ки дар қисмати кӯҳии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Бо майдони умумии 143 100 метри мураббаъ км. Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар ҷануб - бо Афғонистон, дар шарқ – бо Хитой ҳамсарҳад мебошад.

Кӯҳҳо тақрибан 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро ишғол мекунанд, дар ҳоле ки тақрибан нисфи қаламрав дар баландии тақрибан 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ҷуғрофияи Тоҷикистонро аз тарафи ғарб биёбонҳо ва нимбиёбонҳо ва аз тарафи шарқ қуллаҳои азими кӯҳҳои Тибет, Ҳиндукуш ва Тян-Шон фарогиранд, ки бисёр имкониятҳои гуногунрангии табиат ва иқлимро фароҳам меорад.
Ҳарорати миёнаи солона, вобаста ба баландӣ, аз 17 °C ва баландтар дар ҷануб, то -6 °C ва пасттар дар Помир мебошад. Помири Шарқӣ бо фосила (диапазон)-и ҳарорати байни -63 °C ва 47 °C ҳамчун минтақаи фавқулодда гуногунранги иқлимӣ машҳур аст. Дар давоми солҳои 1940-2000 ҳарорати ҳаво дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ва минтақаҳои баландкӯҳ аз 0,5 то 1 °C, дар баъзе мавзеъҳо бошад, зиёда аз 1 °C баланд шуд.
МАЪЛУМОТНОМА: Афзоиши ҳарорати ҳаво дар қаламрави ҳамвори Тоҷикистон дар даҳсола ба 0,1-0,2 °C баробар шуд. Баландшавии бештар дар давоми 65 сол дар шаҳри Хуҷанд - 0.3 °С-ро ташкил намуд. Афзоиши бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Хуҷанд аз рушди обёрӣ ва сохтмони обанбори Қайроққум, ки таъсири хунуккуниро дорад, вобаста аст.

(Манбаъ: Дуюмин маълумоти миллии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим СММ (РКИК ООН)).
Мувофиқи Дуюмин Маълумоти миллии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлими СММ (РКИК ООН), тағйирёбии иқлим интизор меравад, ки ба баландшавии ҳарорати ҳаво, хавфи бештари боришот ва барфпӯшии зиёди замин, афзоиши суръати обшавии пиряхҳо, ҳамзамон ҳодисаҳои зиёди ғайриоддии боду ҳаво, аз ҷумла ҳолатҳои хавфноки иқлим оварда мерасонад. Тамоюлҳо ва пешгӯии иқлим барои Тоҷикистон инҳоянд:
Тоҷикистон кишваре аст, ки ба гармшавии глобалӣ таъсири назаррас намерасонад, вале аз тарафи дигар, захираҳои табиӣ ва бахши иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус гуногунии биологӣ, захираҳои об ва замин, кишоварзӣ, саломатии аҳолӣ ва ғайра ба тағйирёбии иқлим бештар осебпазиранд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳиссаи Тоҷикистон аз сабаби истифодаи зиёди гидроэнергетика, теъдоди нисбатан ками воситаҳои нақлиёт, таҷдиди саноат ва кишоварзӣ, дар ҳаҷми умумии партовҳо ҳамагӣ 2-3 фоизро ташкил медиҳад ва пасттарин ба шумор меравад.
Саҳми Тоҷикистон дар гармшавии глобалӣ бино ба арзёбии коршиносон дар солҳои аз 1970 то 2000 зиёда аз 300 млн. тонна СО2 буд. Ба он партови CO2, ки бо сӯзондани сӯзишвориҳои канданӣ ва истеҳсоли семент мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, дохил мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои лавозимот дар солҳои 1990-2003 партовҳои бузургтарин газҳои гулхонаӣ дар соли 1990 ба қайд гирифта шуд ва ба 25543 Гг (бештар аз 25 млн тонна) дар эквиваленти СО2 ва бо назардошти ҷаббида шудани онҳо ба 23627 Гг баробар гардид. Партовҳои нисбатан ками газҳои гулхонаӣ дар эквиваленти CO2 дар соли 2000 ба қайд гирифта шуданд ва 7396 Гг ва бо назардошти ҷаббида шудани онҳо 5518 Гг-ро ташкил намуданд.
ХУҶАНД АЗ НУҚТАИ ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ
Шаҳри Хуҷанд – аз ҳисоби бузургӣ дуюмин ва яке аз шаҳрҳои қадимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар шимоли ҷумҳурӣ, қисми танги водии Фарғона, дар соҳилҳои дарёи Сир дар доираи 40018' фарохии шимолӣ ва 69038' дарозии шарқӣ ҷойгир аст. Аҳолиаш беш аз 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тағйирёбии иқлим дар шаҳрҳо - дар нишондиҳандаҳои боду ҳаво аз арзишҳои бисёрсола дар муддати муайян вақт маълум карда мешавад. Нишонаҳои тағйирёбии иқлими шаҳрҳоро вақтҳои охир мо бештар мушоҳида менамоем. Ба он на танҳо тағйироти ҳарорат, балки зудтағйирёбии ҳолатҳои боду ҳаво, ки имрӯз аз меёрҳои муқаррарӣ берун рафта, шадиду ғайриоддӣ ба шумор меравад. Сардиҳои шадид дар фасли зимистон, тобистони бениҳоят гарм, барвақт ва ё дер омадани тирамоҳ ва баҳор, офатҳои табиии зиёд - ҳамаи ин исботи тағйирёбии иқлим дар шаҳри ХУҶАНД аст.
Ба шаклдарории иқлими Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд айнан ҳамон ҳаҷми ҳаво таъсири зиёд мерасонанд, ки ба ҳудуди Осиёи Марказӣ ворид мешаванд ва хусусияту тағйироти ҳаворо муайян месозанд. Боришот дар Хуҷанд ва тамоми водии Фарғона асосан аз фаъолияти сиклонӣ ва хусусияти сатҳи болоӣ вобаста аст.
МАЪЛУМОТНОМА: Нақши асосиро дар боришот сиклонҳои ҷанубӣ-каспӣ, мурғоб ва болоиамударёӣ, инчунин ҳаҷми зиёди ҳавои сард, ки аз ғарб, шимолу ғарб ва шимол ҳаракат мекунанд, иҷро менамоянд. Бо баробари ба сатҳи болоии кӯҳҳо расидан, ҳаҷми ҳавои омада бо ин сатҳ боло рафта, сард мешавад ва таъсири иловагиро барои пайдошавии абрҳо ва боришот ба худ мегирад. Ҳамаи ҳаҷми ҳаво аз ғарб ва ҷанубу ғарб ба ҳудуди водии Фарғона ворид мешаванд, вале дар роҳ онҳо ба нишебиҳои ғарб ва ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Шимоли Тоҷикистон бармехӯранд ва онҳо нисбат ба нишебиҳои шамолҳои поёнӣ, водиҳои байникӯҳӣ ва ҳавзаву пастхамӣ, боришоти зиёдеро ба худ мегиранд. Вақте ки ба дохили кишвари кўҳистон ҳаракат мекунанд, ин ҳаҷми ҳаво ба минтақаҳои дохилӣ расида, сахт ба моеъ табдил меёбанд, ки дар натиҷа дар водиҳои байникӯҳӣ ва ҳавзаи чуқур боришоти хеле кам ба назар мерасанд. Дар Хуҷанд боришоти солона: дар давраи сард 87 мм ва миқдори бештари онҳо - дар моҳҳои март ва апрел (25-27 мм); миқдори камтарин дар моҳҳои тобистон (9-11 мм, август) ба қайд гирифта мешаванд.
Коршиносон ба он ишора мекунанд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим шаҳрҳо зери хатарҳои махсус қарор доранд. Тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои шаҳр метавонад силсилаи мушкилотро оварад, аз ҷумла офатҳои табиӣ ва техногенӣ, таҳдидҳо ба саломатии аҳолӣ ва харобшавии иқтисодиёт.
Хуҷанд чӣ гуна ба
"ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ МУСОИДАТ МЕКУНАД"?
7. Афзоиши аҳолӣ:
Оид ба тағйирёбии иқлими ҳозира, он аз ду қисм иборат мабошад. Қисми аввал ин таъсири антропогенӣ. Яъне тағйирёбии иқлим вобастаи ба фаъолияти инсон.

Қисми дуюим, ин тағйирёбии табии, мутобиқи қонунҳое, ки онҳоро мо то охир наомӯхтаем.
Омӯзиши иқлим тақрибан 200-300 соли охир рафта истодааст.

Агар мушоҳидаҳои 100 солаи охирони бодуҳавошиносонро гирем, гуфта метавонем чихел тамоюл рафта истодааст. Дар ин асос, ташкилотҳои байналхалқи барои Тоҷикистон се роҳи равиши тағйирёбиро ба нақша гирифтаанд. Ҳамаи он болоравии дараҷаи ҳаворо (аз 1 то 2 дараҷа дар давоми 10 сол) дар назар дорад.

Мутобиқи ин нишондодҳо мо чораҳои мутобиқшавиро меандешем.

Абдувалиев Аскар Қосимович
Мутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ҚАЛАМРАВИ ХУҶАНД

Ҳамаи ин омилҳои манфӣ дар маҷмӯъ ба он оварда мерасонанд, ки дар шаҳр микроиқлими номуносиб ҷамъ мешаванд. Бо ҳамроҳии он, гармии сахти иншоотҳои сангин, хиштин ва оҳанубетонӣ, роҳҳои мошингард боиси тафсидани минтақаҳои марказии шаҳр мегарданд. Ин ҳама дар ниҳоят хусусиятҳои экологии шаҳрро бадтар намуда, ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар шаҳри Хуҷанд тамоюли баландшавии ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳарорати ҳавои гирду атрофи он ба мушоҳида мерсад. Аз моҳи май то моҳи сентябр, дар рӯзҳои мавсимии бешамол, тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар байни қисми марказӣ ва минтақаҳои сарҳадӣ, метавонад ба + 5 °С бирасад. Дар рӯзҳои ороми тобистон ҳангоми набудани шамол бар болои шаҳрҳои калон дар баландии аз сад метр, қабати ивазшавии ҳарорат ба вуҷуд меояд, ки ҳаҷми ҳавои ифлосро дар ҳудуди шаҳр нигоҳ медорад. Нақши асосиро дар баланд бардоштани ҳарорати ҳаво дар шаҳр партови антропогении гармӣ – гузариши аҳолӣ ва саноат дар робита бо сабабҳои пешомада ба истифодаи ангишт иҷро мекунанд. Сарфи назар аз он, ки ин партовҳо дар давоми мавсими гармидиҳӣ (зимистон) нисбат ба тобистон бештар аст, тренди ҳарорати зимистон ба таври назаррас камтар аз тренди тобистон мебошад.

Сабабҳое мавҷуданд, ки ташкил намудани баҳисобгирии саҳми ҳудудҳои шаҳр дар тағйирёбии иқлим талаб карда мешаванд:
Якум
Дар ин ҳудудҳо фаъолиятҳои гуногуни мегаполис амалӣ карда мешаванд, ки бевосита бо партовҳои газҳои гулхонаӣ (ГГ) ба муҳити зист алоқаманданд. Шаҳрҳо аз воридоти ғизо, об ва маҳсулоти истеъмолӣ вобаста аст, ки истеҳсолоти онҳо метавонад ба партовҳои ГГ оварда расонад.
Дуюм
Андозагирии партовҳо дар шаҳрҳои мухталиф барои муқоиса ва фароҳам овардани рақобат ва ҳамкорӣ байни шаҳрҳо бо мақсади кам кардани партовҳо асос меёбад.
Сеюм
Арзёбии таъсири шаҳрҳо ба тағйирёбии иқлим қадами муҳими аввалинест дар муайян кардани ҳалли имконпазири мушкилоти сатҳи шаҳрӣ, ҳамчунин тақсимоти оптималии масъулият дар ин соҳа байни мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Аз нуқтаи назари тақсимоти вазифаҳо, ба эътибор гирифтани фарқияти байни таҳлили партовҳои ГГ дар асоси маълумоти истеҳсолӣ ва оид ба истеъмоли аҳолӣ хеле муҳим аст.
Хусусияти хоси шаҳри Хуҷанд, дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ, зуд-зуд такроршавии шамолҳои мӯътадил ва сахте, ки барои шамолдиҳии ҳаво аз наҷосати зараровар шароити беҳтаринро ташкил мекунад ва ба нигоҳ доштани сатҳи пасти ифлосшавии ҳаво мусоидат менамояд, сарфи назар аз он, ки дар шаҳр корхонаҳои калони саноатӣ ва воситаҳои нақлиёт фаъолият мекунанд.
Дар давраи солҳои 1980-1995 консентратсияҳои моддаҳои ифлоскунанда пасттар буданд.



ЭҲТИЁТӢ ВА МУТОБИҚШАВӣ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Бо эҳтиёт будан – ин он дараҷаест, ки дар он шаҳр ба таъсири ногувори тағйирёбии иқлим гирифтор шудааст ё бар муқобили он баромада наметавонад, аз ҷумла ба тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулоддаи он. Бо эҳтиёт будан вазифаи табиат, андоза ва суръати тағйирёбии иқлим мебошад, ки ба ҳассосият ва иқтидори мутобиқшавии шаҳр таъсир мерасонад.
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво
Натиҷаҳои тадқиқоти олимон нишон доданд, ки ҳарорати ҳаво дар аксари ноҳияҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон баланд мешавад, аммо тағйирёбии боришоти атмосферӣ аз сабаби гуногунии қаламрави бузурги географӣ ва иқлимии ҳудуд хусусияти нобаробарӣ дорад.

Афзоиши ҳарорати ҳаво дар ҳудуди ҳамвори Тоҷикистон дар даҳ сол 0,1-0,2 °C-ро ташкил намуд. Афзоиш давоми 65 соли охир дар Хуҷанд баробар ба 0,3 °C шуд. Афзоиши ҳарорати ҳаво дар Хуҷанд ба рушди обёрӣ дар ноҳияҳои атроф ва мавҷудияти обанбори Қайроққум, ки таъсири сарддиҳӣ дорад, вобаста аст.
Тағйирёбии боришоти атмосферӣ
Миқдори боришот асосан тавассути гардиши глобалии атмосферӣ ва хусусиятҳои орографии минтақа муайян карда мешаванд. Ҳангоми таҳлили тағйироти боришоти солона дар Тоҷикистон, тағйирёбии назаррас дар замон ва фосилаи муайян ба қайд гирфта шуд ва якчанд давраи хеле хушк ва хеле намнок ҷудо гардид.

Дар давраи омӯзишӣ, даҳсолаи 1941-1950 дар ҳамаи минтақаҳои баландкӯҳ марҳилаи хеле хушк буд. Сипас, то соли 1990, давраҳои ҳавои хушк ва намнок, бо майли зиёд шудани ҳаҷми боришот ба миён омаданд. Баъд аз соли 1990, давраи сербориштарин солҳои 1998-1999 буд ва давраи минбаъдаи солҳои 2000-2001 давраи хеле хушкӣ ба ҳисоб рафт, ки қариб тамоми қаламравро хушксолӣ фаро гирифт. Нобаробарӣ ва шиддатнокии боришот зиёд шуд ва интизор меравад, ки ин тамоюл дар оянда низ идома хоҳад ёфт. На танҳо шумора ва шиддатнокии боришот, балки шумораи рӯзҳои боришот тағйир ёфтанд.
Дар қаламрави вилояти Суғд афзоиши ҳарорати ҳаво ба + 0,5 С давом дорад.Бо дарназардошти он ки ҳарорати шаҳр нисбат ба минтақаҳои деҳот бештар баланд мешавад, афзоиши ҳароратро дар шаҳри Хуҷанд қайд кардан мумкин аст.

МУТОБИҚШАВИИ ХУҶАНД ДАР ҶАВОБ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва гармшавии глобалӣ - ин мутобиқшавии системаҳои табиӣ ё антропогенӣ дар ҷавоб ба тағйирёбии воқеӣ ё интизории иқлим мебошад, ки имкон медиҳад осебпазирии худро коҳиш дода, аз шароити мусоид истифода намояд.
Чӣ ТАВР ИН ФАЛОКАТРО ПЕШГИРӣ НАМУД?
Чӣ тавре ки мо аллакай медонем, тағйирёбии ҷаҳонии иқлим метавонад оқибати бад ва ғайричашмдошт дошта бошад. Ҳамаи мо ҳоло бояд дарк намоем, ки дар ҳақиқат метавонем дар пешгирии офатҳои наздикшудаистода саҳм гузорем. Барои наҷот додани худ чӣ бояд кард?
Иқлим тағйир меёбад, ба он бояд мутобиқ шуд. Вобаста ба шаҳри мо, чи хел ва чи кор бояд кард?

Вақте, ки мо «пиряхҳо об мешаванд» мегӯем, ин маънии онро дорад, ки обшавии пиряхҳо ба болоравии об оварда мерасонад ба мисоли Сирдарй. Яъне он барвақт об мешавад, ин таъсири худро ба аҳолии мардуми кӯҳсор ва наздикӯҳи мерасонад. Он ҷо ҳамаи обҳои мо ҳосил мешаванд, он ҷо ҷангалҳо – онҳо ҳаворо тоза мекунанд. Агар ба инобат гирем, ки 95 фоизи Тоҷикистон кӯсор мебошад, тағйирёбии иқлим барои мо таъсири бузург дорад.

Теъдоди селҳо меафзояд, ин ҳам таъсир ба аҳоли. 85 фоизи обҳоро танҳо як соҳа истифода мебарад, ин хоҷагии қишлоқ – ин аз ҳама соҳаи асеббпазир ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Инчунин тағйирёбии иқлим ба мо бемориҳоро меорад, ки дар мо набуд. Ин бемориҳо хоси дигар митақаҳо буданд. Бемориҳои инсони, ба меваю сабзавот ва ғайра. Мо бояд ба ҳамаи ин мутобиқ шавем.

Абдувалиев Аскар Қосимович
Мутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
ДАР ИН САМТ ТОҶИКИСТОН Чӣ ЧОРА МЕАНДЕШАД
Бо дарназардошти мушкилоти саривақтии экологии глобалӣ ва равобити зичи он бо шароити маҳаллӣ ва вазъияти муҳити зист, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созишномаҳои муҳими байналмилалӣ ҳамроҳ шуд ва тасдиқ кард, аз ҷумла:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ўҳдадориҳои худ дар назди Конвенсияи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлими СММ (РКИК ООН), Нахустин Маълумоти Миллӣ (НММ)-и худро оид ба тағйирёбии иқлим, Дуюмин Маълумоти Миллӣ (ДММ) оид ба тағйирёбии иқлим ва Фазаи Дуюмро оид ба пурзӯр намудани иқтидор дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт омода намуд ва Нақшаи Чорабиниҳои Миллиро оид ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, ки он ҳуҷҷати асосии стратегии мамлакат барои ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим аст, пешниҳод кард.
«Интишороти мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мӯҳтавои ин нашрия намунаи масъулиятшиносии ҶДММ ШТРР «Тирози Ҷавонӣ» буда, нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад».
УЗБЕКИСТОН

(ТОШКАНД)
Хабар дар бораи тағйирёбии иқлим бештар дар ВАО садо медиҳад. Пешгӯиҳои ташвишовар дар бораи гармшавии глобалӣ аллакай пас аз 10 сол дар сайёраи Замин гуруснагиро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст, ба ғайр аз харобиҳои табиӣ, ки ҳаёти аксариятро аз байн мебаранд. Равандаҳои иқлимӣ дар мегаполисҳои ба монанди Тошканд чӣ хел зоҳир мешаванд ва нақши шаҳрҳои бузург дар тағйирёбии иқлим чӣ гуна аст ва дар оянда ба чӣ омодагӣ дидан лозим аст, ҳамаи ин масъалаҳоро гурӯҳи Anhor.uz омӯхт.
Аммо тағйирёбии иқлим, ки айни замон ба вуҷуд омада истодааст, ба давраҳои табиӣ ягон хел алоқамандӣ надорад. Зеро ин гуна тағйирёбӣ мунтазам рӯй дода истодааст, яъне зина ба зина ва нисбатан зуд – зуд.
Дараҷаҳои иқлимӣ
Глобалӣ
Дар давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи сайёра то ба 0,74 ºС боло рафтааст, ки танҳо аз соли 1990 то 2000-ум болоравии ҳарорат 0,4 ºС ташкил додаст. Мувофиқи пешгӯии Гурӯҳи байнидавлатии экспертони ташкилоти байналхалқӣ оид ба тағйироти иқлим (МГЭИК) – ташкилоти байналхалқии дар соҳаи иқлим нисбатан бонуфуз, дар охири асри 21 ҳарорати ҳавои Замин то ба 1,8 до 4,6 ºС боло мерафтааст.
Минтақавӣ
Минтақаи Турони тағйирнопазир (муайяноти ҷуғрофии минтақаи Осиёи Марказӣ) дар дараҷаи муайян аз тағйирёбии иқлим вобастагӣ дорад. Дар навбати аввал ин ҳолатро бо таъсиррасонӣ ба системаҳои кӯҳӣ, обшавии пиряхҳо ва проблемаи истифодабарии об вобаста медонанд. 10 соли охир дар Ӯзбекистон суръатнокии гармшавӣ аз 0,2°С ҳам боло рафтааст.
Мезоиқлим
Даҳҳо километр масофаро дарбар мегирад. Ин иқлими шаҳрҳо мебошад. Чун қоида он дар гармшавии нисбатан баланди ҳарорати ҳаво зоҳир меёбад. Ба ҳисоби миёна ҳарорати ҳаво дар Ташканд ҳар сол то 0,018°С боло меравад.
Наноиқлим
Это климат квартир и помещений. Он зависит от правильности постройки дома, от системы отопления, от проветривания и многих других факторов. Считается, что наиболее комфортная температура воздуха в квартире 18-22°С.
Дар Ӯзбекистон тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меояд ва ин ҳолатро ҳатто бидуни доштани дастгоҳи қимматбаҳо ҳам пай бурдан мумкин аст. Масалан, дар солҳои 2007-2008-ум зимистон ниҳоят сард шуд ва дар тамоми ҳудуди кишвар ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа хунунк шуд. Соли 2009-ум бошад, баракс. Дар миёнаҳои моҳи январ ҳаво хеле гарм буд, қариб 10 дараҷа гарм. Ҳатто дар гулзорҳои шаҳр ва чаману сабзазорҳо гулҳои қоқӯ баромаданд, яъне гӯё, ки фасли баҳор омада бошад. Тобистони соли 2009-ум дар Тошканд ҳаво хеле гарм шуд, на камтар аз тобистони соли 2015-ум. Нахустин маротиба ҳавои пойтахт нисбат ба қисмати ҷанубиаш гармтар шуд, яъне дар шаҳри Термиз.
Оқибатҳои манфии тағйироти иқлим барои Ӯзбекистон
Зиёдшавии давомнокии давраи гарми хушкӣ;
Зиёдшавии шумораи рӯзҳои боришотӣ ва тағйироти баланди боришот;
Камшавии захираҳои барфӣ дар кӯҳҳо ва заволёбии яхбандӣ;
Болоравии хатари ҷараёни сел;
Зиёдшавии бухор дар дашту маҳалҳои наздишаҳрӣ;
Зиёдшавии такрорёбии хушкӣ ва норасогии экстремалии об;
Зиёдшавии талабот ба об, пеш аз ҳама ба заминҳои обӣ.
Зиёдшавии такрорёбии зуҳуроти экстремалӣ;
Дар сатҳи глобалӣ натанҳо нишонаҳои тағйирёбии шароит барои хоҷагии қишлоқ, балки таҳдид ба амнияти озуқаворӣ, зиёдшавии теъдоди зуҳуроти иқлимӣ низ ба мушоҳида мерасад. Барои Осиёи Марказӣ тамоюл нисбат ба зимистонҳои нисбатан гарм ва тобистони хушк дар бисёр минтақаҳои кишвар пешгӯӣ карда мешавад, ки ба обшавии пиряхҳо ва обшавии яхҳои доимӣ дар кӯҳҳои Помир ва Тян-Шан муосидат менамояд. Маълум аст, ки тағйирёбии иқлим ба теъдод ва сифати манбаҳои обӣ таъсир расонида метавонад, яъне ба хоҷагии қишлоқ ва саломатии инсон; проблемаҳои мавҷударо нисбатан бадтар карда метавонад, ба монанди биёбоншавӣ ва таназзули экосистемаҳову захираҳои табиӣ. Ҳамин тавр, пешомади дурудароз барои рушди устувор зери таҳдид қарор мегирад. Бинобар ин, тағйирёбии иқлим ба ҳама ҷанбаҳо таъсири худро хоҳад расонид.


Иқлими Тошканд чӣ хел тағйир ёфт?
Аҳолии Тошканд аллакай ба ҳавои 40 дараҷаи гармӣ одат кардаанд. Зимистони гарм бошад, касеро намеҳарорсонад. Танҳо яхбандиҳои баҳорона ба боғҳо, ки ба гулкунӣ оғоз менамоянд, зарар мерасонад. Суоле ба миён меояд, ки иқлим чӣ хел тағйир хоҳад ёфт? Оид ба ин суол якчанд дурнамоҳо коркард шудаанд, аммо инро дақиқ пешгӯӣ кардан номумкин аст.
Аз соли 1882 дар Тошканд аз ҷониби мутахассисони донишкадаи обуҳавосанҷӣ назорат бурда мешавад. Ин тадқиқоти бетанаффуз танҳо дар соли 1917-ум таваққуф кардааст. Ҳоло ширкати куриёгӣ басолҷудокунии ин бойгониро пеш бурда истодааст. Ин маълумоти муҳим барои иқлимшиносон муҳим мебошад ва онҳоро гум кардан тамоман мумкин нест. Ҳоло гуфтан мумкин аст, ки шаҳр чун «ҷазираи гарм» дар гармшавии иқлим саҳми худро мегузорад. Масалан, дар Тошканд, дар майдони Амир Тимур дарахтҳоро буриданд ва акнун ин майдон боз ҳам сахттар гарм мешавад.


Пертров Ю.В.
Профессори Донишгоҳои миллии ба номи Мирзо Улуғбек, иқлимшинос.
Боришот дар Тошканд
  • Шумораи миёнаи боришоти атмосфери дар Тошканд ба 423,4 мм баробар аст.
  • Шумораи солонаи он аз асри гузашта то ирӯз то ба зиёда аз 60 мм зиёд шудааст.
  • Шумораи солонаи рӯзҳои тира (туман) ба ҳисоби миёна тақрибан аз 40 то 15 кам шудаанд.
  • Шумораи рӯзҳои чангу тӯфонӣ низ кам шудааст.
Шаҳр ба теъдоди бавуҷудоии раъду барқ таъсир мерасонад. Мувоқи баҳисобгирии радарии фурӯдгоҳ шумораи аз ҳама зиёди раъду барқ дар қисми ҷанубу шарқии кишвар ба вуҷуд меомадааст, яъне маҳз дар болои фурӯдгоҳи "Тошканд". Чуноне, ки иқлимшиносон шарҳ медиҳанд, чунин ҳолат аз он сабаб рӯй медодааст, ки ҳаво аз тарафи шимолу ғарб вазида, ба монеаҳо бармехӯрад, яъне ба биноҳои баланд бархӯрда, ба боло мебарояд ва хунук мешавад. Дар натиҷа абрҳои гафси тӯда-тӯда пайдо мешаванд, ки раду барқро ба вуҷуд меоранд. Аз қисмати шимолу ғарбӣ тӯфон ду маротиба камтар мебошад.

Шимолу шарқ қисмати ҳавои аз ҳама тозаи шаҳр мебошад. Зеро он таҳти гардиши ҳавои кӯҳӣ-даштӣ қарор гирифтааст; ҷанубу ғарб аз ҳама қисмати ифлостарини ҳаво мебошад, зеро маҳз ба ҳамон сат шамол мевазад.
Дар давоми 16 сол даврае, ки аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии бодуҳавосанҷӣ чун асос барои ҳисоботи иқлимӣ тавсия дода шудааст, ҳама хусусиятҳои ҳароратӣ куллан зиёд шудаанд. Аз соли 1933-юм то 2006-ум таъсири гармшавии ҳарорати ҳавои Тошканд зиёда аз 0,4 дараҷаро ташкил додаст. Ин таъсиррасониро дар фасли тобистон бештар эҳсос кардан мумкин аст, яъне 0,6 дараҷа. Таъсири ҳавои шаҳр ба шумораи боришот манфӣ мебошад.
Дар Тошканд ба тағйирёбии иқлим чӣ таъсир мерасонад?
Шаҳри бузург қариб тамоми қисмати муҳити табииро тағйир медиҳад: ҳаво, растаниҳо, хок, релеф, замин, обҳои зеризаминӣ ва ҳатто ба иқлим. Пастшавии ҳарорати ҳаво, нисбияти намнокӣ, радиатсияҳи офтобии байни шаҳрҳо ва гӯшаву канори онҳо базан аз рӯйи васегии гардиши зиёд дар шароитҳои табиӣ муқоиса карда мешавад. Бояд қайд кард, ки тағйирёбии як шароит сабаби бавуҷудоии тағйиротҳои дигар мегардад.
Истеҳсолот
Тошканд мегаполисе мебошад, ки дар он ҷо қариб 30 адад корхонаҳои саноатӣ-истеҳсолӣ кор мекунанд. Дар атрофии шаҳр корхонаҳои сементистеҳсолкунӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳо ҳам ба ҳаво таъсири худро расонида, дар тағйирёбии мезоиқлим саҳми худро мегузоранд. Ба ғайр аз ин, корхонаҳои истеҳсолӣ қувваи зиёдро истифода мебаранд, ки асосан аз ҳисоби сӯхтани карбогидрид кор мекунанд.
Нақлиёт
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии экологӣ аз аввали солҳои 1990-ум шумораи автонақлиёт дар Тошканд 2,6 баробар зиёд шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, нишондиҳандаҳои миёна оид ба партови моддаҳои зараррасон ба ҳаво аз ҳисоби автонақлиёт кам шуда истодаанд. Ин аз ҳисоби навкунии истгоҳи автомобилии шаҳр ва инчунин аз ҳисоби дар намуди сӯзишворӣ истифода бурдани гази метан рӯй дода истодааст. Ҳамагӣ 23%-и истгоҳи автомобили шаҳр ба газ гузаронида шудаанд.
Демография
Тошканд аз рӯйи теъдоди аҳолӣ бузургтарин шаҳри ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад ва нисбат ба аҳолии шаҳрҳои дигари кишвар аз ҷиҳати аҳолинокӣ дар ҷойи яккум меистад. Ин бо мақоми пойтахтро доштани шаҳр ва солҳои зиёд дар ҳайъати ташаккулёбиҳои маъмурӣ-ҳудудӣ қарор доштани он дар минтақаи Осиёи Миёна вобаста мебошад. Аҳолии Тошканд мувофиқи маълумоти баҳисобгирии оморӣ дар соли 2015-ум 371,3 ҳазор нафарро ташкил додаст.

Аз ҷиҳати илмӣ далелан аллакай тасдиқ карда шудааст, ки тағйироти иқлим ба вуҷуд омада истодааст. Тошкандиҳо инро эҳсос мекунанд. Онҳо мушоҳида мекунанд, ки фасли зимистон гармтар шудааст, давомнокии хунукшавӣ ва рӯзҳои гарм тағйир ёфта истодааст, шумораи боришот кам шуда истодааст. Одамоне, ки ба тағйироти ҳаво ҳассосанд, ин чизро чуқур ҳис мекунанд. Олимон исбот кардаанд, ки камшавии партови газҳои буғӣ ин равандро боз дошта наметавонад, вале танҳо онро боз медораду халос, яъне барои хубтар мутобиқ шудан вақт медиҳад, гузаришро аз як давра ба дигараш сусттар мекунонад ва ҳар яки мо метавонем барои ин бисёр корҳоро анҷом диҳем.
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода карда шуд. Мӯҳтавои маводи мазкур намунаи масъулиятшиносии "Лобар Исломова" ба шумор рафта, нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо инъикос наменамояд.
Зимистон намешавад?!
ҚИРҒИЗИСТОН (ОШ)
Дар соли 2011-ум ходими ҷамъиятӣ, роҳбари "Академияи халқӣ" Арстанбек Абдилдаев (АрстанАлай) баромад карда, гуфт, ки «Зимистон намешавад». Он вақт ин суханони ӯ тамоми интернетро давр зада буд. Маҳз ҳамон сол зимистон ниҳоят сард шуда буд. Солҳои охир мушоҳида мекунем, ки фасли зимистон гарм омада истодааст. Шояд он замон гуфтаҳои Арстанбек Абдилдаев ҳақ буданд!? Ынтымак Media Group дар бораи тағйироти иқлим дар шаҳри Ош, дар муқоиса бо гармшавии глобалӣ мавод ҷамъ кардааст.
Дар давоми 20 сол, дар Қирғизистон ҳарорати миёнаи ҳаво аз 1,4°C боло рафтааст. То имрӯз оид ба тағйирёбии иқлими шаҳри Ош тадқиқоти амиқ гузаронида нашудааст. Вале идораи минтақавии Қирғизистон ба наздикӣ ҳолатҳои иқлимии вилояти Баткентро аз таҳлили математикӣ-оморӣ гузаронид. Мувофиқи суханони муаллифи ин тадқиқот, роҳбари шӯъбаи гидрометеорологияи ЮУГМО ва МОС Бахтиёр Ҳасанов, шароитҳои иқлимӣ дар минтақаи ҷанубӣ (Ош, Ҷалал-Абад, Баткен) аз ҳамдигар фарқияти калон надоранд. Бино бар ин, мо ба нишондиҳандаҳои таҳлили мазкур такя мекунем.
Инак дар шаҳри Ош чун дар дигар қисматҳои ҷанубии кишвар аз соли 1961-ум болоравии ҳарсолаи ҳарорат то дараҷаи 0,015°C мерасад. Ҳамзабон болоравии ҳарсолаи ғубор 0,45 мм ташкил медиҳад.
Тағйирёбии иқлим ба таркиби 4 фасли муқарарии сол каме тағйирот медарорад. Олимон дарёфтанд, ки аз сабаби он, ки ҳавои сайёра гарм мешавад, ҳудуди паҳноии тропикҳо давоми ҳар як даҳсола то 0,1-0,2 дараҷа васеъ шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз «дуфаслагӣ»-и экваториалӣ ҳудудҳоеро фаро гирифта истодаанд, ки дар онҳо ҷойҳо пештар 4 фасл мавҷуд буд. Вале ҳатто дар минтақаҳои 4 фасл дошта ҳаво ва ҳарорати миёнаи он тағйир ёфта истодааст. Ин дар зуд аз зимистони хунук ба рӯзҳои гарми баҳорӣ гузаштанҳо зоҳир мешавад ва худи зимистон нисбатан кӯтоҳ ва нармтар мегардад. Вале ҳоло олимон дар бораи он, ки ба наздикӣ дар мо ҳам ду фасл боқӣ мемонад, ба чизе гуфтан саросема нестанд.

4 фасли сол нигоҳ дошта мешавад, танҳо мӯҳлати давомнокии онҳо гуногун мешаванд. Тобистон нисбатан дурударозу гарм боқӣ мемонад, зимистон бошад, баракс кӯтоҳ мешавад. Аммо фаслҳои мобайнӣ, яъне баҳору тирамоҳ чун пештара боқӣ мемонанд.

Ин гуна тамоюл чун дар дигар минтақаҳои Қирғизистон, дар шаҳри Ош низ ба мушоҳида мерасад.
Бахтиёр Ҳасанов роҳбари шӯъбаи гидрометеорологии ЮУГМО ва МОС
"Умуман болоравии ҳарорати ҳаво дар як сол то ба 0,5-0,7 дараҷа дар тренд ҳаст. Ин нишондодҳои на он қадар муҳиманд. Ман тренди дохили фаслро аз рӯи моҳҳо дидам, ҳарорати ҳаво дар ду давра хеле тағйир ёфтааст. Пештар (то солҳои 90-ум) дар моҳҳои май-июн боришоти зиёд набуд. Дар бачагӣ ёд дорам, ки дар оғози моҳи май мо аллакай дар Ак-Буура оббозӣ мекардем. Ҳоло бошад, дар ин айём он ҷо оббозӣ карда намешавад. Баракс, агар пештар мо 7 ноябр танҳо бо пӯшидани куртаи тунук дар шаҳр сайру саёҳат мекарда бошем, ҳоло 10-15-ноябр гармшавии фасл оғоз меёбад. Моҳи январ ҳаво дар шаҳр гарм шуд ва ҳамаҷоро чангу ғубор фаро гирифт.
Яъне тағйирёбии фаслҳои сол ба назар мерасад. Боришот ҳар сол то ба 0,4-0,5 мм зиёд мешавад. Дар давоми фасл бошад, ин тағйирот дар моҳҳои гуногун аз 10 то 30% зиёд мешаванд. Инчунин шиддатнокии боришот зиёд шудааст. Дар давраи асосӣ (дар солҳои 1961-1990) боришот баробар буд. Ҳоло дар давоми 10 дақиқа меъёри якмоҳинаи боришот меборад. Мо тахмин мекунем, ки аз сабаби болоравии ҳарорати ҳаво бӯғи об тезтар бухор мешавад ва абрҳои боронии қишри поёнии осмон пайдо мешаванд. Вақте, ки шиддатнокии боришот бузург аст, замин барои ҷаббидани наммӣ муваффақ намешавад ва ҷараёни селобаҳо сар мезананд», - мегӯяд Бахтиёр Ҳасанов.
Селоба, обхезӣ ва натанҳо инҳо. Тағйирёбии иқлим сабаби бавуҷудоии ҳолатҳои тағйирёбӣ мегардад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи Ҳолатҳои Фавқуллода, дар ҷумҳурӣ аллкай 5000 ярчҳои фаъол, зиёда аз 3 000 дарёҳои селоба, зиёда аз 30 000 манқали тармаи барфӣ, 330 ҷазираҳои вайронкунандаи хатарнок ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамасола зарари бевосита аз ҳолатҳои фавқуллода наздики
30-35 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои огоҳонию пешгирии ҳолатҳои фавқуллода дар як сол аз ҳисоби буҷаи давлатӣ наздики 6 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо карда мешавад. Шаҳри Ош аз сабаби мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии худ ба таҳдиди офатҳои табиӣ дучор нест (ба ғайр аз заминларза).

Ҳамасола дар натиҷаи боронҳои тармавӣ, дар пойтахти ҷанубӣ, дар кӯчаву биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳо ҷӯйборҳои калони об ба вуҷуд меоянд. Зарари молиявӣ дар ин сол наздики 40 000 сомро ташкил додааст. Муҳимаш он, ки дар ин ҷо селобаи ҷӯйборҳо моҳи май ба вуҷуд меоянд, яъне хулосаи тадқиқоти Бахтиёр Ҳасанов оид ба тағйирёбии дохилифаслии иқлим тасдиқи худро меёбад.
Шаҳри Ош, моҳи майи 2017 сол
Обшавии пиряхҳо
Мувофиқи маълумот то соли 2025-ум масоҳати умумии пиряхҳо дар Қирғизистон ба ҳаҷми миёна то 30-40% кам шуданаш мумкин будааст. То соли 2100-ум бошад, пиряхҳои Қирғизистон аз харитаи ҷаҳон умуман гум мешаванд.
Ҷумҳурии Қирғизистон дар Осиёи Миёна ягона мамлакатест, ки захираҳои обиаш пурра дар ҳудуди давлат ташаккул меёбанд. Дар ин чиз афзалияту хусусияти хоси гидрологӣ доштани кишвар зоҳир мешавад. Аз масоҳати умумии ҷумҳурӣ 4,1 %-и марзро пиряхҳо ишғол кардаанд. Мувофиқи малумоти мавҷуда, ки ба солҳои 60-уми асри гузашта мансубанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон 8208 пирях ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати мумумии майдони яхшуда 8076,9 километри квадратиро ташкил медиҳад. Айни замон обшавии фаъолонаи пиряхҳо мушоҳида карда мешавад ва мувофиқи баҳодиҳии экспертон нишондиҳандаҳои мазкур то 20 % поён рафтаанд.
Обшавии пиряхҳо ба шаҳри Ош чӣ таҳдид пеш меорад?
Норасогии об
Шаҳри Ош оби нӯшокӣ ва полезиро аз дарёи Ак-Буура мегирад. Оби дарё аз пиряхҳои кӯҳӣ манбаъ мегирад. Айни замон дарё талаботи аҳолии ниммилионнафараи шаҳрро қаноатманд мекунонад.
Агар пешгӯиҳо тасдиқ карда шаванд, пас таъминоти оби нӯшокӣ дар қисмати ҷанубии кишвар барои садсолаи оянда ба проблемаи калон табдил меёбад.
Норасогии қувваи барқ
90%-и қувваи барқ дар Қирғизистон аз тарафи нерӯгоҳи обӣ-барқии Токтогул коркард карда мешавад, ки барои ин аз дарёи Нарин истифода мебарад. Агар барои худи Қиғизистон коркард намудани қувваи барқ об кифоягӣ накунад, пас барои таъмин намудани гармии истгоҳҳои барқии гармидиҳанда аз давлатҳои ҳамсоя харидани қувваи барқ, нафт ё ангиштсанг лозим меояд. Қайд мекунем, ки ҳоло шаҳри Ош аз давлати Ӯзбекистон, тавассути
"Газпром" гази табииро харидорӣ менамояд.
Бехатарии истеҳсолӣ
Тағйирёбии иқлим инчунин ба хоҷагии қишлоқ низ таҳдид менамояд. Хушкӣ ба дараҷаи ҳаҷмнокии ҳосилот таъсири манфӣ мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки дар шаҳри Ош нархи маҳсулоти кишоварзӣ боло меравад ё маҳсулот тамоман камёб мегардад.
Асари гармхона
Ҳоло дар шаҳри Ош ҳаҷми партов ба атмосфера мувофиқи меъёри муқарраршуда мебошад. Корхонаҳои истеҳсолӣ хеле каманд, шабакаи гармидиҳӣ-барқии марказӣ (ТЭЦ) аз истифодаи ангиштсанг ба истифодаи мазут ва газ гузашт, кори дегҳои кориро низ ба қувваи барқ гузаронида истодаанд. Аммо дар ин ҷо селаи ниҳоят калони мошинҳо сар зад. 120 000 автомобил ҳамарӯза дар кӯчаҳои пойтахти ҷанубӣ ҳаракат мекунанд.
Шаҳр ба монанди гармидиҳандаи бузург сохта шудааст, ки бо сатҳи ҳавоногузар пӯшонида шудааст. Роҳҳои мумфаршшуда, биноҳои хиштин ва дигар бисёр биноҳои бетонӣ баракс шаҳрро ба якдон табдил медиҳанд. Дар атрофии шаҳр ҷазираи гарме ба вуҷуд меояд, ки таъсири мини гармиро ба миён меорад. Оқибат ҳарорати ҳаво дар шаҳр нисбат ба кӯҳсор якчанд маротиба гарм шуданаш мумкин аст.

Тадқиқоти нав нишон медиҳад, ки теъдоди сабзазорҳо ба то чӣ андоза тафсон шудани ин «ҷазираҳои гарм» таъсир мерасонанд. Гап дар сари он, ки дарахтон ва дигар растаниҳо ҷараёни эвапотранспиратсияро амалӣ мегардонанд. Соддатар карда гӯем, барги дарахтону растаниҳо обро бухор мекунанд. Эвапотранспиратсия ба арақкунӣ хеле монанд мебошад, ки дар натиҷаи бухоршавӣ об гирифта мешавад. Ин ҳамон омилест, ки маҳз барои мубориза бо гармшавӣ лозим мебошад.

Олимони NASA шаҳрҳои америкоиро тадқиқ карданд. Маълум шуд, ки шумораи сатҳи баланддошта 35%-ро ташкил медодааст. Аллакай дар ин қайд ҳарорати ҳавои шаҳр нисбат ба гирду атрофаш аз 1.3˚C боло (боқимонда 65% — сабзазорҳо) мебошад. Абатта муайян карда шуд, ки агар чӣ қадаре, ки маҳалҳои сабзпӯш зиёд бошанд, ҳамон қадар ҳавои он ҷойҳо салқин мешавад.
Жаанбай Турсунқулов, сарагрономи комбинати ободонӣ ва хоҷагии сабз
«Дар се соли охир мо бисёр корҳои сабпӯшгардонии шаҳрро анҷом додем. Дар соли 2014-ум қариб 10 боғу хиёбонҳоро таъмир ва нав кардем. Соли гузашта 100 000 дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг ва имсол 40 000 хели ин дарахтонро шинонидем. Ҳамзамон ҳамасола 30-40 дарахтони хушкшударо бурида мегирем.

Аммо ҳоло дар шаҳри Ош ширкатҳои хусусӣ ҳангоми сохтмони хонаҳои баландошёна меъёрҳои экологиро ба инобат намегиранд. Масалан, дар муҳити шаҳрӣ барои як нафар истиқоматкунанда бояд 21 метри квадратӣ минтақаи сабз мавҷуд бошад. Яъне дар назди хонаҳои баландошёна, ки 300 нафар зиндагӣ мекунанд, бояд 30-40 дарахт шинонида шавад. Ягон нафар аз сохтмончиён ин меъёрро риоя намекунанд.

Одамон бояд дарк кунанд, ки сабзпушгардонии замин барои мо чун обу ҳаво зарур мебошад. Махсусан ҳоло, ки аллакай оқибатҳои нохуши тағйиротҳои иқлимӣ ҳисс карда мешаванд. Дарахтон ҳаворо тоза карда, атмосфераро салқин мекунанд, садои мағалу ғалоғӯла, газҳои зараррасону чангу ғуборҳоро фурӯ мебаранд, микробҳоро мекушанд ва аз сар задании шамоли сахт нигоҳ медоранд, системаи асаби инсонро ором мекунанд.
Ҳангоми гаршавии иқлими ҷаҳонӣ сабзпӯшкунӣ чаро барои дар шаҳр бавуҷудории микроиқлим муҳим мебошанд? Барои нишон додани ин чиз мо таҷриба гузаронидем.
Чуноне, ки таҷриба нишон дод, дар муҳити шаҳрӣ мавҷудияти натанҳо дарахтон, балки об ҳам муҳим аст. Дар ин ҷода ба аҳолии ҷануб бахт хандидааст. Зеро аз мобайни шаҳр дарёи Ак-Буура мегузарад. Шаҳри Ош бо шабакаву ҷӯйборҳо иҳота карда шудааст. Дар ин ҷо, дар мавсими гармои сол 5 адад фаввораҳо кор мекунанд. Ҳамаи онҳо ҳаворо салқин ва тоза мекунанд. Дар фасли тобистон нуру гармии офтоб боз ҳам баландтар мешавад ва гаршавии ҳарорати ҳаво аз таъсири нури офтоб омили муҳимтарин мегардад. Ҳарорати ҳаво нисбат ба кӯҳсор дар шаҳри Шумо баландтар мешавад, яъне аз 5 дараҷа болотар. Намнокии ҳаво дар шаҳр ба ҳисоби миёна 8-10% пасттар буда, бо баробари ин шумораи рӯзҳои боронӣ нисбат ба кӯҳсор дар шаҳр 10% баландтар мегардад. Теъдоди умумии боришот тақрибан 5-10% зиёдтар мегардад. Ифлосшавии ҳавои шаҳр аз ядроҳои иловагии ғафси барои намнокӣ пешбинигардида вобастагӣ дорад. Аммо пас аз он, ки борон меборад, шаҳр боз зуд хушк мешавад.
Бахтиёр Ҳасанов, роҳбари шӯъбаи гидрометеорологияи ЮУГМО ва МОС
"Дар ҳолати ин гуна тағйирёбии иқлим дарахт шинонидан, ҷӯйборҳоро тоза кардан ва об сар додан лозим меояд. Агар дар кӯча об равон бошад, намнокӣ ба таври автоматикӣ нисбатан зиёд мешавад. Тозагӣ ҳам муҳим мебошад, зеро партови ҳархела, ки дар таркибашон фенол ва формалдегидҳо мавҷуд аст, ба иқлим таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, дар рӯзи гарми тафсон, ҳангоми дар назди дарё ё фаввора қарор доштан, ҳолати Шумо хуб мешавад. Барои чӣ? Барои он, ки дар ин ҷойҳо намнокӣ нигоҳ дошта мешавад. Об бухор мешавад ва салқинӣ зиёд мешавад, фишори бӯғи об ба мо таъсир намерасонад. Фаввораҳо ин натанҳо зебогӣ, балки манбаи иловагии намнокӣ мебошанд. Ин аст микроиқлим", - мегӯяд Ҳасанов.
Микрокиқлими дохили бино
Инсон 90% фоизи ҳаёти худро дар дохили бино мегузаронад.
Албатта агар дар берун шароити хуби иқлим фароҳам бошад, пас дохили бино ҳам ҳузуру ҳаловат мешавад.
Канбу Калишева, духтури санитарии шаҳри Ош
"Хусусиятҳои микроиқлими оптималӣ: дар даруни бино ҳарорати ҳаво бояд 18-28°C бошад; намнокӣ 30-60%. Агар идора – боғчаи бачагона, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар корхонаҳо меъёри муқаррариро риоя накунанд, мо нисбати онҳо чора меандешем. Ҳоло дар кори худ мо тағйирёбии иқлимро эҳсос намекунем, вале соли гузашта фасли гармо ба шаҳр дар моҳи ноябр омада, нисбат ба солҳои пешин дертар ба охир расид. Аммо ин ягона ҳолате мебошад, на ин ки нишондиҳандаи тағйирёбии системавии иқлим. Ҳалли худи ин масъала низ ба салоҳияти мо вобастагӣ надорад.
Лайфхак: салқинкунандаи ҳаво бо дастони худ
Ин мавод бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мундариҷаи он масъулияти медиа гурўҳи "Ынтымак" мебошад ва нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Made on
Tilda